Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маросими кушоиши Олимпиадаи Лондон-2012 баргузор шуд


Маросими кушоиши мусобиқоти Олимпиадаи Лондон -2012, ҷумъаи 27-уми моҳи июл ба таври расмӣ баргузор шуд.

Шаст ҳазор тамошобин дар Варзишгоҳи олимпии Лондон дар ин маросим ҳузур доштанд. Ба гузориши хабаргузории Ройтерз, дар ҳудуди як миллиард нафар дар саросари ҷаҳон ба таври мустақим оғози ин маросимро аз телевизион тамошо карданд.

Дар Олимпиадаи Лондон, ки аз 27-уми июл то 12-уми август дар пойтахти Бритониёи Кабир баргузор мешавад, ширкати зиёда аз 12 ҳазор варзишгари беш аз 200 кишвар дар назар аст. Онҳо барои 302 маҷмӯи медалҳо дар 31 риштаи варзиш рақобат хоҳанд кард.

Дар маросими кушоиши Бозиҳои олимпӣ, ҳар даста пушти парчами кишвари худ ҳаракат кард ва ҷараёни ин гузашт якуним соат идома дошт. Кулли маросими кушоиши Бозиҳои олимпӣ се соат тӯл кашид.

Ба гузориши Ройтерз, интизор меравад Бритониё – мизбони ин давраи мусобиқоти ҷаҳонӣ 14 миллиарду 130 миллион доллар барои Олимпиадаи Лондон- 2012 масраф кунад.

Лондон барои саввумин бор аст, ки аз замони оғози бозиҳои олипиӣ дар соли 1896 дар Афина, мизбони ин мусобиқоти варзишии байналмилӣ аст. Бритониё қаблан дар солҳои 1908 ва 1948 мизбони бозиҳои олимпӣ будааст.

Ба гузориши Ройтерз, интизор меравад намоиши кушоиши ин маросим , ки илҳомгирифта аз намоишномаки «Тӯфон»-и Виллям Шекспир – шоири номдори Бритониё аст, 42 миллион доллар ҳазина дошта бошад.

XS
SM
MD
LG