Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин медали тиллои Олимпиадаро варзишгари Чин соҳиб шуд


Йӣ Силинг ва нахустин медали тиллои Олимпиадаи Лондон
Йӣ Силинг ва нахустин медали тиллои Олимпиадаи Лондон
Йӣ Силинг-варзишгарзани Чин нахустин шахсест, ки дар бозиҳои олимпии тобистонаи Лондон ба дарёфти медали тиллои Олимпиада -2012 ноил шуд. Вай дар масофаи 10 метр дар задани нишон аз туфанги варзишии пневматикӣ ё ҳавоӣ мақоми аввалро касб кард.

Силвия Богатска аз Полша, ки дар нимаи аввали мусобиқот дар зинаи аввал қарор дошт, дар марҳилаи ниҳоӣ медали нуқраро соҳиб шуд. Йу Дан аз Чин мақоми севвум ва медали биринҷиро ба даст овард.
XS
SM
MD
LG