Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Обама ба Сурия дар бораи истифода аз силоҳи кимиёвӣ


Барак Обама раҳбари Сурияро ҳушдор дод, ки бо боз кардани дари амборҳои таслиҳоти кимиёиаш, “иштибоҳи фоҷиабор” накунад.

Обама гуфт, дар чунин сурат ҷомиаи байналмилалӣ ва Амрико Асад ва режими ӯро ба масъулият хоҳанд кашонд. Димишқ дирӯз таҳдид кард, ки таслиҳоти кимиёиашро алайҳи ҳар навъ таҷовузи низомии байналмилалӣ истифода хоҳад кард.

Аммо Димишқ мегӯяд, таслиҳоти кимиёиро алайҳи мардуми худи Сурия ба кор нахоҳад бурд. Ҷиҳод Мақдисӣ, сухангӯи вазорати хориҷаи Сурия гуфт: «Ҳар захираи силоҳҳои куштори ҷамъӣ ва таслиҳоти вижае, ки Ҷумҳурии Сурияи Араб дорад, ҳеҷ гоҳ алайҳи мардуми мулкӣ ё дар ин бӯҳрон ҳам дар ягон шароит алайҳи мардуми Сурия истифода нахоҳад шуд. Сарфи назар аз онки ин бӯҳрон ба чӣ сурате хоҳад печид.»

Мақдисӣ афзуд, бо вуҷуди низои гирифта аз гиребони кишвар, захираҳои таслиҳоти кимиёии Сурия таҳти назорати қавии низомиҳо қарор дорад. Ин изҳорот як рӯз баъд аз ҳушдори Амрикост, ки гуфт, ҳар мақоми суриёии дахил дар истифодаи таслиҳоти кимиёиро ба масъулият хоҳад кашонд. Аммо Сурия то ҳол расман тасдиқ накардааст, ки силоҳи кимиёӣ дорад.

Вазири хориҷаи Бритониё Вилям Ҳейг аммо гуфт, изҳороти Мақдисӣ бозгӯкунандаи "хаёли хом»-и режими Башор Асад аст, ки фикр мекунад, қурбонии таҷовузи хориҷӣ шуда бошад: «Ин як навъи оддии хаёли хоми ин режим аст, ки худро қурбонии таҷовузи хориҷӣ мебинад. Аммо ончӣ ки дар асл мегузарад, худи мардуми онҳост, ки алайҳи сиёсати ваҳшиёнаи давлат қиём кардааст.»

Сухангӯи вазорати хориҷаи Сурия пешниҳоди Лигаи Араб ҷиҳати таъмини «хуруҷи амн» барои Башор Асаду аҳли хонаводааш дар сурати истеъфои ӯ аз мақоми раҳбариро низ радд кард. Ҷиҳод Мақдисӣ гуфт, вазъи амниятӣ дар Димишқ беҳтар шуда, то чанд рӯзи дигар ба ҳолати оддиаш бар хоҳад гашт.

Бо ин ҳол, фаъолон мегӯянд, нирӯҳои режими Сурия дирӯз болои чанд маҳаллаи пойтахт ҳамла бурда, даргириҳо байни нирӯҳои давлатӣ ва чирикиҳо дар Ҳалаб – бузургтарин шаҳри Сурия – шаби гузашта низ идома кардааст. Ба ҳисоби Дидбони ҳуқуқи башари Сурия, ҷамъи қурбониёни ошӯбҳои зидди Асад аз моҳи марти соли 2011 ба ин сӯ ба 19 000 нафар расидааст.

Дирӯз вазирони хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо боз 27 мақом ва 3 ширкати Сурияро ба «рӯйхати сиёҳ»-и ин созмон шомил карданд.Ин даври 17-уми таҳримоти ИА алайҳи режими Сурия аз замони оғози ошӯбҳост.

Рӯзи душанбе ширкати русии ҳавопаймоии «Аэрофлот» ҳам эълон кард, ки ба маҳзи коҳиши талабот аз моҳи оянда парвозҳояш ба Димишқро қатъ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG