Пайвандҳои дастрасӣ

Эрдуғон куштори ахир дар Сурияро "наслкушӣ" хонд


Нахуствазири Туркия ба раҳбарони Сурия ҳушдор дод, ки мардум онҳоро водор ба пардохти ҳазинаи кушторҳои ахир хоҳанд кард.

Ба гузориши Ассошиэйтед пресс, Раҷаб Таййиб Эрдуғон, нахуствазири Туркя рӯзи шанбе қатли оми рустои Тремсеҳ аз сӯи артиши Сурияро «наслкушӣ» унвон кард: «Дар бораи Сурия, чизе наметавон гуфт. Чунин куштори шармандаовар, чунин иқдоми наслкушӣ ва чунин хушунати ғайринсонӣ, иқдоми як ҳукумати дар ҳоли суқут аст.»

Бисёре аз кишварҳо, Кӯфи Анон, намояндаи вижаи СММ ва Иттиҳодияи Араб дар умури Сурия ва низ Бан Кӣ Мун, дабири кули СММ аз кушта шудани 220 тан аз сокинони рустои Тремсаҳ дар вилояти Ҳимо аз сӯи артиши Сурия бо силоҳҳои вазнин ва танку чархболҳо, интиқод карданд.

Тибқи гузоришҳо ин куштор шоми панҷшанбе дар деҳаи Тремсеҳ сурат гирифтааст. Дар ибтидо нерӯҳои давлатӣ ин минтақаро ҳадаф қарор додан ва ба дунбол шибҳи низомиёни тарафдори давлат, ки ба онҳо «шабеҳа» гуфта мешавад, ба ин русто ҳамла бурдаанд.

Ибтидо шуморе аз сокинон бар асари тирборони нерӯҳои давлатӣ ҷон бохтанд. Пас аз он шибҳи низомиён шумори дигареро эъдом карданд.

Дар ҳамин ҳол телевизиони давлатии Сурия гузориш додааст, ки се тан аз нерӯҳои амниятӣ дар даргириҳои деҳаи Тремсеҳ кушта шуданд. Ин гузориш ҳамчунин «гурӯҳҳои мусаллаҳи террорист»-ро муттаҳам ба куштори ғайри низомиён дар ин русто кард.

Шӯрои раҳбарии инқилоби Сурия дар вилояти Ҳимо дар баёнияе эълон карда буд, ки шомгоҳи панҷшанбе беш аз 200 нафар дар деҳаи Тремсеҳ кушта шуданд. Ин баёния афзудааст, ки қурбониён дар натиҷаи тирборон ва эъдоми дастаҷамъӣ ҷон бохтаанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG