Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Варзишгарони тоҷик дар Олимпиадаи Лондон-2012


Бозиҳои XXX тобистонаи олимпӣ аз 27-уми июл то 12-уми августи соли равон дар Лондон баргузор хоҳанд шуд.

Дар Олимпиадаи Лондон 16 варзишгари тоҷик дар 7 риштаи варзиш – бокс, варзиши сабук, гуштии озод, дзюдо, таэквондо, тирандозӣ ва шиноварӣ рақобат хоҳанд кард.

БОКС

Анвар Юнусов
Бокс, вазни то 56кг.
1 феврали 1987 дар Душанбе таваллуд шудааст.
Ҷойи 5-ум дар Олимпиадаи Пекин (2008).
Ҷойи 3-юм дар чемпионати ҷаҳон дар Боку (2011).
Қаҳрамони Осиё (Кореяи Ҷанубӣ, 2011).

Ҷаҳон Қурбонов
Бокс, вазни то 81 кг.
12 феврали 1986 дар Хуҷанд таваллуд шудааст.
Қаҳрамони Осиё (Вйетнам, 2005).
Ғолиби Бозиҳои XV Осиёӣ (Қатар, 2006).
Ҷойи 3-юм дар «Ҷоми Шоҳ» (Тайланд, 2007).
Ғолиби аввалин сабқати интихобии олимпӣ (Тайланд, 2008).
Ҷойи 5-ум дар Олимпиадаи Пекин (2008).
Ҷойи 3-юм дар Бозиҳои XVI Осиёӣ дар Гуанҷоуи Чин (2010).
Ҷойи 2-юм дар сабқати интихобии олимпӣ дар Алматӣ (2012).
Ҷойи 3-юм дар Ҷоми ҷаҳон дар Маскав (2012).

Мавзуна Чориева
Бокс, вазни то 60 кг.
1 октябри 1992 дар Кӯлоб таваллуд шудааст.
Қаҳрамони Осиё (Қазоқистон, 2010).
Ҷойи 2-юм дар чемпионати Осиё (Муғулистон, 2012).
Ҷойи 3-юм дар чемпионати ҷаҳон (Чин, 2012).

Собирҷон Назаров
Бокс, вазни то 75 кг.
3 феврали 1991 дар Душанбе таваллуд шудааст.
Ҷойи 3-юм дар мусобиқаи интихобии олимпӣ дар Алматӣ (Қазоқистон, 2012).




ВАРЗИШИ САБУК

Дилшод Назаров
Варзиши сабук, гурзандозӣ.
6 майи 1982 дар Душанбе таваллуд шудааст.
Ғолиби Бозиҳои V Осиёи Марказӣ (Душанбе, 2003).
Ҷойи 2-юм дар Бозиҳои Африқоиву Осиёӣ (Ҳиндустон, 2003).
Ғолиби Бозиҳои I кишварҳои исломӣ (Арабистони Саудӣ, 2005).
Ҷойҳои 2-юм дар чемпионатҳои Осиё (Кореяи Ҷанубӣ, 2005, Урдун, 2007).
Қаҳрамони Осиё (Чин, 2009).
Ғолиби дукаратаи Бозиҳои Осиёӣ дар Қатар (2006) ва Чин (2010).
Ширкаткунандаи Бозиҳои олимпӣ дар Афина (2004) ва Пекин (2008).
Ғолиб ва ҷоизадори бисёркаратаи мусобиқоти байналмилалӣ (2009-2012).

Владислава Овчаренко
Варзиши сабук, давидан ба масофаи 200 метр.
18 декабри 1986 дар Душанбе таваллуд шудааст.
Дар давидан ба масофаҳои 100 м ва 200 м рекордҳои Тоҷикистонро гузоштааст.
Ғолиб ва ҷоизадори мусобиқоти байналмилалӣ дар Алматӣ ва Бишкек (2012).

ГУШТИИ ОЗОД

Юсуф Абдусаломов
Гуштии озод, вазни то 84 кг.
8 ноябри 1977 дар Доғистон (Русия) таваллуд шудааст.
Ҷойи 2-юм дар Бозиҳи Осиёӣ дар Бусан (Кореяи Ҷанубӣ, 2002).
Ғолиби Бозиҳои V Осиёи Марказӣ дар Душанбе (2003).
Ҷойи 2-юм дар чемпионати ҷаҳон дар Боку (2007).
Ҷойҳои 3-юм дар чемпионати Осиё (2008, 2012).
Ҷойи 2-юм дар Олимпиадаи Пекин (2008).
Ҷойи 1-ум дар мусобиқаи интихобии олимпӣ дар Ҳелсинки (2012).

Искандари Рустам
Гуштии озод, вазни то 96 кг.
18 августи 1991 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шудааст.
Ҷойи 7-ум байни 46 нафар дар чемпионати ҷаҳон дар Туркия (2011).
Ҷойи 2-юм дар мусобиқаи интихобии олимпӣ дар Остона (2012).



Николай Ноев
Гуштии озод, вазни то 55 кг.
24 феврали 1988 дар Ёқутистон (Русия) таваллуд шудааст.
Ҷойи 3-юм дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Булғористон (2012).
Ҷойи 2-юм дар мусобиқаи интихобии олимпӣ дар Ҳелсинки (2012).

Зелимхон Юсуфов
Гуштии озод, вазни то 66 кг.
19 феврали 1984 дар Доғистон (Русия) таваллуд шудааст.
Ғолиби бисёркаратаи мусобиқоти байналмилалӣ.
Ҷойи 1-ум дар мусобиқаи интихобии олимпӣ дар Ҳелсинки (2012).

ДЗЮДО

Расул Боқиев
Дзюдо, вазни то 73 кг.
29 сентябри 1982 дар ноҳияи Рӯдакӣ таваллуд шудааст.
Ҷойи 2-юм дар Бозиҳои V Осиёи Марказӣ дар Душанбе (2003).
Ҷойи 3-юм дар чемпионати Осиё (Узбакистон, 2005).
Ҷойи 2-юм дар Ҷоми олии ҷаҳон дар Ҳамбург (Олмон, 2006).
Ҷойҳои 2-юм дар Бозиҳои Осиёӣ дар Қатар (2006) ва Чин (2010).
Ҷойи 2-юм дар чемпионати Осиё (Кувайт, 2007).
Ғолиби давраи Ҷоми ҷаҳон дар Будапешт (2007).
Ҷойи 3-юм дар чемпионати ҷаҳон (Бразилия, 2007).
Ҷойи 3-юм дар Ҷоми олии ҷаҳон дар Ҳамбург (2008).
Ғолиби мусобиқаи байналмилалии «Три Торри» (Италия, 2008).
Ҷойи 3-юм дар Олимпиадаи Пекин (2008).
Ғолиби бисёркаратаи Ҷоми ҷаҳон (2010, 2012).

Парвиз Собиров
Дзюдо, вазни то 90 кг.
12 ноябри 1980 дар ноҳияи Темурмалик таваллуд шудааст.
Ғолиби Бозиҳои V Осиёи Марказӣ (Душанбе, 2003)
Қаҳрамони Осиё (Қазоқистон, 2010)
Ҷойи 3-юм дар чемпионати Осиё (2012)

ТАЭКВОНДО

Алишер Гулов
Таэквондо, вазни +80 кг.
24 августи 1989 дар ноҳияи Рӯдакӣ таваллуд шудааст.
Ҷойи 2-юм дар чемпионати Осиё (Алматӣ, 2010).
Ҷойи 2-юм дар чемпионати Осиёи Марказӣ (Тошканд, 2006).
Ҷойи 3-юм дар мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Фаҷр» (Теҳрон, 2009).
Ҷойи 2-юм дар мусобиқаи интихобии олимпӣ дар Тайланд (2011).

Фарҳод Неъматов
Таэквондо, вазни то 80 кг.
22 ноябри 1989 дар Душанбе таваллуд шудааст.
Ҷойи 2-юм дар чемпионати Осиёи Марказӣ (Тошканд, 2006).
Ҷойи 1-ум дар чемпионати Осиёи Марказӣ (Тошканд, 2008).
Ҷойи 3-юм дар мусобиқаи интихобии олимпӣ дар Тайланд (2011).

ТИРАНДОЗӢ

Сергей Бабиков
Тирандозӣ , туфангча, 10 метр.
20 декабри 1967 дар Душанбе таваллуд шудааст.
Ҷойи 10-ум (582 имтиёз) дар Олимпиадаи Афина (2004).
Ҷойи 31-ум дар сабқати интихобӣ дар масофаи 10 м ва ҷойи 43-юм дар
масофаи 50 м дар Олимпиадаи Пекин (2008).

ШИНОВАРӢ

Катерина Измайлова
Шиноварӣ, 50 метр, тарзи озод.
10 июни 1977 дар Душанбе таваллуд шудааст.
Дар Олимпиадаи Пекин дар сабқати интихобӣ бо натиҷаи 32.09 сония дар ҷойи охирин буд.
XS
SM
MD
LG