Пайвандҳои дастрасӣ

Абдулло Тангриев, паҳлавони машҳури Узбакистон, ба иллати истеъмоли доруҳои нашъадор аз ширкат дар Олимпиадаи Лондон маҳрум шуд.

Дар ин бора сомонаи Оҷонсии иттилоотии варзишии Start.uz хабар додааст. Бар асоси изҳороти расмии Федератсиюни дзюдои Узбакистон Абдулло Тангриев, барандаи медали нуқраи Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2008-ум дар Пекин дар вазни сангинтарин, баъди ташхиси тиббӣ ё допинг-контрол ба муддати ду сол аз ҳаққи ширкат дар мусобиқот маҳрум гардид. Ҳангоми ташхис дар таркиби хуни ӯ нишонаҳо аз доруи нашъадори бангдона мушоҳида шудааст.

Абдулло Тангриев, қаҳрамони панҷкаратаи Осиё, дар се олимпиада иштирок кардааст. Вай порсол дар вазни мутлақ ба унвони қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи дзюдо даст ёфтааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG