Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи ҷанг дар шаҳри Ҳалаби Сурия


Рӯзи дуввум аст, ки ҷанг миёни нерӯҳои давлатӣ ва шӯришиён дар шаҳри Ҳалаби Сурия идома дорад. Созмони нозири ҳуқуқи башар дар Сурия, ки дар шаҳри Лондон қароргоҳ дорад, мегӯяд, ҷанг аз субҳи рӯзи ҷумъа дар маҳаллаи Салоҳуддин оғоз шуда ва рӯзи шанбе ҳам идома кард. Як рӯз пештар аз ин Шӯрои Амнияти Созмони Милал ризоият дод, то маъмурияти нозирони созмон дар Сурия барои 30 рӯзи дигар тамдид шавад. Бан Ки Мун дабири кулли Созмони Милал рӯзи шанбе дар ин бора гуфт: “Тамдиди маъмурияти нозирони созмони Милал фақат барои 30 рӯз аломати он аст, ки масъулияти ҳама ва пеш аз ҳама ҳукумати Сурия аст, ки кушторро бас кунад ва ба истифода аз силоҳи вазнин дар маҳалҳои аҳолнишиниро поён диҳад. Тамоми амалиёти мусаллаҳона бояд хотима дода шавад. “ Бино ба гузоришҳо, нерӯҳои давлатӣ ҳамчунин дар ноҳияҳои шаҳри Ҳомс, такягоҳи шӯришиён тир меандозанд ва ҷанг дар шаҳри шарқии Дайр ал-Зур идома дорад. Дар шаҳри Димишқ пойтахт, ки артиши Сурия амалиёти васеъмиқёсеро алайҳи шӯнришиён рӯзи ҷумъа оғоз кард, оромии нисбӣ барқарор шудааст. Ин амалиёт баъди он шурӯъ шуд, ки дар бомбгузорие дар рӯзи чаҳоршанбе чаҳор мақоми баландпояи ҳукумати Сурия кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG