Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯлоб. Масъули "МЧС" бо ришва ба даст афтод


Муовини сардори Ситоди ҳолатҳои фавқулодда дар минтақаи Кӯлоб бо ҷурми ришваситонӣ боздошт шудааст.

Маҳмадкарим Азимов, подполковники Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба 6 сокини Кӯлоб ваъда карда буд, ки онҳоро дар рӯйхати осебдидагони офати табии моҳи майи соли 2010-и Кӯлоб шомил карда, ба онҳо аз ҳисоби зарардидагон, манзили истиқоматӣ медиҳад. Бо ин мақсад, ӯ аз сокинон 40 ҳазор доллар гирифта ва бо гузашти ду сол ба ваъдааш "вафо" накардааст .

Икром Зоиров, додситони ҳарбии минтақаи Кӯлоб мегӯяд, бо шикояти сокинон дар нисбати Маҳмадкарим Азимов парванда боз карданд ва дар рафти тафтишот номбурда, ба гуноҳи худ пурра иқрор шуд.

"Ин ҷинояти коррупсионӣ ҳаст, ки ба сокинон зарари молиявӣ расонидааст. Ба ин хотир ҳоло мо ӯро бо шарти набаромадан аз маҳали истиқомат озод кардаем, то зарари расонидаашро ҷуброн кунад. Аллакай, 16 ҳазор доллари аз ду ҷабрдида гирифтаашро баргардонид ва бояд маблағҳои боқимондаро баргардонад".

Боздошти ин масъули Ситоди ҳолатҳои фавқулода дуввумин ҳолати ришва гирифтан ба хотири манзилҳои бунёдшуда барои зарардидагони офати табиӣ ҳаст.

Дар оғози соли ҷорӣ Рустам Бобоев, мудири Шӯъбаи иқтисодии ҳукумати Кӯлоб низ бо гирифтани ришва аз чанд сокини маҳаллаҳои офатзада, ба хотири қонунӣ гардонидани ҳуҷҷатҳояшон боздошт шуда буд. Бобоев бо ҷуброни зарари молиявӣ пас аз 6 моҳи ҳабс озод карда шуд.

Пас аз офати табии 7-уми майи соли 2010 дар Кӯлоб, ҳукумати ҷумҳурӣ, соҳибкорон ва идораву ташкилотҳои маҳаллӣ беш аз 600 хона барои зарардидагон бунёд карда буданд. Сару садоҳои зиёде паҳн шуда буд, ки манзилҳои ба хотири зарардидагон бунёд шуда, ба бархе аз афроди зарарнодида низ фурӯхта шудаанд. Ин ду ҳолат воқеият доштани ин сару садоро то ҷое исбот карданд.
XS
SM
MD
LG