Пайвандҳои дастрасӣ

Дустум зоирони пиёдаи тоҷикро ба ҳузур напазируфт


Абдурашид Дустум

Муҳофизони генерал Абдурашид Дустум нагузоштаанд, ки зоирони тоҷик бо ӯ дидор ва гуфтугӯ намоянд.

Ҷангсолори узбактабори Афғонистон Абдурашид Дустум, зоирони тоҷикро, ки пиёда озими сафари ҳаҷ шудаанд, ба ҳузур напазируфт. Чанд нафар марди мусаллаҳ, ки худро аскарони Дустум муаррифӣ карданд, ба мулоқоти зоирон бо ин фармондеҳ монеъ шуданд.

Абдулазиз Раҷабов, раҳбари ин гурӯҳи зоирин, ки пои пиёда ба зиёрати Хонаи Худо мераванд, ба Радиои Озодӣ гуфт, "ҳангоми гузаштан аз Ҷузҷон бо чанд силоҳбадасти дағал дучор шудем. Ба мо гуфтанд, ки инҳо афроди генерал Дустум ҳастанд. Баъдан, дар як деҳа дидем, ки чанд мошину гурӯҳи одамон истодаанд. Гуфтанд, ки худи Дустум ҳаст. Ба мо гуфтанд, агар хоҳед, аз Ҷузҷону Форёб ором гузаред, бо Дустум сӯҳбат кунед, амниятатонро таъмин мекунад. Аммо посбонҳои Дустум ба мо иҷозаи вохӯрӣ бо сардорашонро надоданд. Гуфтанд, ки Шуморо намедонем, шояд ӯро тарконед, барои ҳамин иҷоза намедиҳем, ки бо ӯ вохӯред. Дигар мо ҳам инро муҳим надонистем ва ба роҳи худ идома додем. Ҳамааш дар дасти Худост."

Зоирини тоҷик мегӯянд, каме нақшаи сафарашон тағийр кардааст ва мӯҳлати раводиди сафарашон дар хоки Афғонистон ба поён мерасад ва бояд фавран ин кишварро тарк кунанд. Тибқи нақша онҳо аз ҳафтаи дигар бояд ба ҳудуди Ҷумҳури Исломии Эрон ворид шаванд.

Пештар аз ин, гурӯҳи 8-нафарии зоирони тоҷикро дар шаҳри Балхи Афғонистон волии он Ато Муҳаммади Нур ба ҳузур пазируфта, барояшон кӯмаки молӣ кардааст.

Ёддовар мешавем, ин ҳашт зоири тоҷик моҳе пеш аз ноҳияи Ҳамадонии минтақаи Кӯлоб барои тавоф кардани Хонаи Худо пои пиёда ба сафари Арабистони Саудӣ баромаданд. Онҳо то Арабистони Саудӣ расидан аз хоки Афғонистон, Покистону Эрон хоҳанд гузашт. Мувофиқи нақша то моҳи октябр бояд онҳо ба Саудӣ бирасанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG