Cафари як гурӯҳ аз зоирони тоҷик, ки пиёда ба сӯи Арабистони Саудӣ мераванд, дар қаламрави Афғонистон идома дорад. Ато Муҳаммади Нур, волии вилояти Балхи Афғонистон, ин гурӯҳи зоирони тоҷикро, ки пиёда қасди зиёрати Каъбаро доранд, ба ҳузур пазируфтааст. Абдулазиз Раҷабов, роҳбалади гурӯҳ, гуфт, тавсифи зиёди сокинон аз ин волӣ онҳоро водор кард, то ба дидори ӯ бирасанд.
Раҷабов дар як тамоси телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, "вақте ба ҳудуди Балх ворид шудем, бисёр ҷойҳоро обод дидем ва аксари сокинон ин ободиҳоро ба волии вилояти худ Ато Муҳаммади Нур марбут медонистанд. Бо шарофати ин марди худодод Балх хело обод будааст. Тасмим гирифтем, то аз сӯҳбаташ шарафманд гардем. Шукри Худо, моро хуб пазироӣ кард ва бо мо як сӯҳбати самимӣ дошт. Ғайриинтизор бароямон тӯҳфаҳое дод, ки барои сафар хеле муҳим буданд."
Гурӯҳи 8-нафарии зоирони тоҷик моҳе қабл аз ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон пиёда ба сафари Ҳаҷ баромаданд. Ҳадафи онҳо ин аст, ки дар роҳ ба сӯи Арабистони Саудӣ, инчунин дигар маконҳои муқаддасро зиёрат бикунанд. Зиёрати гӯри Аҳмадшоҳи Масъуд ва Бурҳониддин Раббонӣ, ду чеҳраи шинохта, аз ҷумлаи аҳдофи онҳо дар ин сафар буд.
Онҳо мегӯянд, то кунун ҳеҷ мушкиле дар сафарашон дар дохили Афғонистон пеш наомадааст ва сокинони ин кишвар бо эҳтироми хос аз онҳо истиқбол менамоянд.
Ҳоло ин гурӯҳ вилояти Балхро тарк карда, дар ҳоли гузариш аз ҳудуди вилояти Шибирғони Афғонистон мебошанд. Мувофиқи нақша то моҳи октябр онҳо бояд дар Арабистони Саудӣ бошанд.