Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парҳези сокинон аз номи қумондонҳои ҷанги шаҳрвандӣ


Бархе аз сокинонро дидани номи қумандонҳо дар саҳфаи "Ҷойи истиқомат"-и шиносмнома нороҳат месохтааст.

Як сокини ноҳияи Бохтар, ки аз зикри номаш худдорӣ кард, гуфт, ҳар боре, ки шиносномаашро боз мекунад, номи қотилони эҳтимолии падарашро дар он мебинаду захмҳои дилаш гӯиё дубора рӯ мезананд. Ҳоло кӯчаву хиёбонҳо ва хоҷагиҳои бисёре дар водиҳои Вахшу Кӯлоб номи Сангак Сафаров, Файзалӣ Саидов, Лангарӣ Лангариев ва дигар қумандонҳои собиқ Фронти халқиро доранд.

Ҳамсӯҳбати мо иддао дорад, ки "совхоз"-и ба номи Файзалӣ Саидов ва номҳои дигари қумондонҳои Фронти халқӣ, ки дар даврони ҷанг ва баъди он ба деҳаю хоҷагиҳо ва маҳаллаҳо гузошта шудаанд, бояд тағйир дода шаванд, зеро на ҳама сокинони Вахшонзамин аз он қумондонҳо хотироти мусбат доранд. Идимоҳ Афзалова, сокини маҳаллӣ, мегӯяд, қаҳрамонсозӣ аз Файзалӣ Саидов, Сангак ва Лангарӣ ва номи онҳоро гирифтани кӯчаю маҳаллаҳо боиси ихтилофангезӣ ва "намак пошидан ба захмҳои давраи ҷанг" хоҳад шуд, бо ин вуҷуд ки қумандонҳои мазкур шояд дар таъмини амнияти қисмате аз шаҳрвандони Вахшонзамин саҳм доштанд.

Идимоҳ Афзалова
Идимоҳ Афзалова
Афзалова афзуд, "агар мо бобои Сангак, Файзалӣ ва Лангариро қаҳрамони ҷанг номем, пеш аз ҳама, набояд фаромӯш кунем, ки онҳо низ, шояд ба фиреби гурӯҳҳои сеюм ғӯта зада, хатокориҳои зиёде кардаанд. Ҳодисаҳое, ки як нафарро сар мебуриданду бо нархи гарон мефурӯхтанд ва бар ивазаш силоҳ мехариданд, ба осонӣ фаромӯш намешаванд. Аслан, номи қаҳрамонҳои миллӣ, адибону олимони забардастро гирифтани кӯчаю хиёбонҳо ва хоҷагиҳо хубу қобили дастгирист, аммо ба номи Файзалию Сангаку Лангарӣ ё ҳар қумандони дигари замони ҷанги шаҳрвандӣ кӯчаю хоҷагиҳоро гузоштан ҳоҷат нест, набояд захмҳои дили ҳазорон нафарро нохун бизанем."

Вале пайвандони Файзалӣ Саидов, қумандони собиқ Фронти халқӣ, ки моҳи марти соли 1993-юм ба таври барои аксарият номаълум кушта шуд, нақши Файзалиро дар барқарории ҳокимияти конститутсионӣ муҳим меҳисобанд. Зулфия Саидова, хоҳари хурдии Файзалӣ Саидов, мегӯяд, солҳои охир матбуот ва шояд гурӯҳҳои муайяне дар кишвар дар бораи бародари ӯ андешаҳои манфии мардумро шакл медиҳанд.
"Гапҳои дурӯғ менависанд, ки Файзалӣ ин хел буду он хел буд. Ӯро бадном мекунанд. Аммо ҳақиқати ҳол ин набуд. Журналистон сурати акаамро бисёр нашр мекунанд дар газетаҳо, мехонем, гӯиё ноҳаққии Файзалиро менависанд. Лекин бояд беғараз нависанд, ҳақиқатро омӯзанд. Акаи ман хизмат карда буд барои миллату давлат. Хизмат кард, ҷангро тинҷ кард, аммо роҳаташро надид",-мегӯяд Зулфия Саидова.

Абдуламин Исмоилов
Абдуламин Исмоилов
Дар ноҳияи Бохтар пайравону муҳофизони номи Файзалӣ Саидов низ кам набудаанд. Соли гузашта Абдуламин Исмоилов, раиси ноҳияи Бохтар, Файзалӣ Саидовро ҳатто "қаҳрамони миллӣ" номида, нақши ӯро дар барқарории сохти конститутсионии кишвар беназир хонда буд: "Файзалӣ Саидов яке аз родмардони ноҳияи Бохтар буд, ки барои барқарор намудани ҳокимияти конститутсионӣ ҷони худро нисор кард. "Қаҳрамони миллат" гӯем ҳам, хато намекунем. Барои чӣ номи ҳамин гуна родмардонеро, ки барои давлату миллати тоҷик ҷон бохтанд, зинда нигоҳ надорем, дар кӯчаю хоҷагиҳо нагузорем?!"

Шабафрӯз, шоир ва сокини хоҷагии ба номи Файзалӣ Саидови ҷамоати Бохтариёни ноҳияи Бохтар, низ бар ин назар аст, ки бо гузашти 15 сол аз замони имзои Созишномаи сулҳ дар Тоҷикистон, кинаю кудурат аз дилҳои мардум шуста шуда, аммо пос доштани номи баъзе аз пешвоёни замони ҷанги шаҳрвандӣ аҳамияти таърихӣ дорад.
"Ҳоло хоҷагие, ки зодгоҳи Файзалӣ Саидов буд, номи худи ӯро гирифтааст. Ӯ дар ободонии ин мавзеъ каме ҳам бошад, саҳмгузор буд. То тавонист, мардумро ба ҳам овард. Ҳар як маҳал қаҳрамонҳои худро дорад. Бояд номашонро нек нигоҳ дорем, зеро дар омадани Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат ҳам онҳо саҳмгузор буданд. Шукрона онро мекунем, ки ба воситаи ҳамин қумандонҳо президенти имрӯза ба сари ҳокимият омада, мардумро сарҷамъ намуд, сулҳу дӯстӣ пойдор шуд",-афзуд Шабафрӯз.

Зулфия Саидова
Зулфия Саидова
Дар ҳамин ҳол, бархе аз коршиносон бар ин назаранд, ки "қаҳрамони миллӣ" номидани Файзалӣ Саидов ва дигар қумондонҳои собиқ Фронти Халқӣ боиси нороҳатии як бахши ҷомеаи маҳаллӣ хоҳад шуд. Зеро водии Вахш аслан водии муҳоҷирон буда, дар ин минтақа намояндагони маҳалҳои гуногуни Тоҷикистон ба сар мебаранд ва мақомоти давлатро мебояд барои таъмини ҳамдигарфаҳмӣ ва иттифоқи назарҳои сокинон, бахусус дар масоили сиёсӣ, талош ба харҷ диҳад.

Бо таваҷҷӯҳ ба ин нукта, Азимҷон Ваҳҳобов, муовини раиси созмони хатлонии ҲНИТ, мегӯяд, вақти он аст, ки номи кӯчаву маҳаллаҳои минтақа, ки ба гиромидошти қумандонҳои Фронти Халқӣ номгузорӣ шудаанд, тағйир дода шавад. Вай илова кард, "аз касоне, ки дар ин ҷанг, бахусус дар куштани одамон, дар сӯхтану вайрон кардани хонаҳо, дар бечораю муҳоҷир шудани мардум нақш доштанд, набояд қаҳрамон сохт. Ин ки мардум нороҳат мешаванд, ки дар паспортҳояшон штампи минтақае бо номи қумандонҳои замони ҷанг зада шудааст, ки солҳои 90-ум зарарҳои зиёде ба онҳо овардааст, аз дасти ин афрод наздиконашон кушта шудааст, ин як ҳолати табиист. То замоне ки ин инсонҳо зиндаанд, бо вуҷуди он ки сабру таҳаммул мекунанд, сукут меварзанд, он ҳодисаҳои мудҳиш аз фикру зеҳни онҳо ҳеҷ гоҳ пок нахоҳад шуд."

Бо ин вуҷуд, мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, дар мавриди тағйир додани номи кӯчаю мактаб ё деҳае, ки ба ифтихори Файзалӣ Саидов ва дигар қумандонҳои замони ҷанги шаҳрвандӣ гузошта шудааст, дастури мақомоти болоӣ, тасмим ё барномае рӯйи даст надоранд.
XS
SM
MD
LG