Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон: "Ба умеди хоҷагони хориҷӣ нашавед"


Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт, дар Душанбе хиёбоне Ваҳдати миллӣ номгузорӣ шуда, рамзи ваҳдат гузошта шавад.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 15-умин солгарди имзои Созишномаи умумии сулҳ дар Кохи Борбади шаҳри Душанбе дар ҳузури аъзои ҳукумат, Маҷлиси олӣ, намояндагони сафоратҳои хориҷии муқими Душанбе ва арбобони илму фарҳанг ширкат ва суханронӣ кард.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни суханронӣ аз мушкилоти ба даст омадани сулҳу оштӣ дар кишвар, раванди музокирот миёни тарафҳои даргир, мулоқоти худаш бо роҳбарияти мухолифин ёдоварӣ карда, гуфт, бо намояндагони мухолифин дар тӯли панҷ соли ҷанг (1992-1997) 21 бор мулоқоти расмӣ ва даҳҳо бор сӯҳбатҳои ғайрирасмӣ баргузор шудааст. Ӯ афзуд, "мулоқоту вохӯрӣ бо мухолифин низ осону ҳамвор набуд. Баъзе нерӯҳо ба ҳам омадани миллати мо ва ба сулҳу субот расидани кишварамонро намехост. На ин ки баъзе гурӯҳҳо, балки баъзе кишварҳо низ буданд, ки дар роҳи ба ҳам омадани мо монеаҳо эҷод мекарданд."

Ҷаноби Раҳмон иқрор кард, ки шояд ин раванд камбуд ва нуқс дошта бошад, аммо дар пайи он сарҷамъии мардум, бозгардонидани гурезаҳо ва муҳимтар аз ҳама қатъи ҷанг ба даст омад ва ваҳдати миллӣ таъмин шуд. Вай гуфт, дар ҷараёни музокирот на танҳо баъзе гурӯҳҳо, балки кишварҳое ҳам буданд, ки дар раванди сулҳ монеаҳои зиёд эҷод мекарданд: "Гирди як миз овардани гурӯҳҳои мухолиф ва ноил гардидан ба ваҳдати миллӣ кори саҳл набуд. Вале мо ба шарофати дастгирии мардуми тоҷик тавонистем, ки ба орзуи деринаи мардуми худ, яъне сулҳу субот дар кишвар бирасем."

Президент Раҳмон дар бораи Сулҳ
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:37 0:00
Линки мустақим


Раисиҷумҳури Тоҷикистон фаъолияти Комиссияи оштии миллии Тоҷикистон (КОМ) - ниҳоди муштараки ҳукумат бо мухолифинро дар амри истиқрори сулҳ ва субот дар кишвар боаҳамият хонда ва ба ҳар яке аз аъзои он миннатдорӣ баён кард.

Зимни суханронии худ раисиҷумҳур таъкид кард, ки дар таърих ҳодисаҳои ҷанги дохилӣ кам нестанд, вале баъди ин ҳама куштору хунрезиҳо дар як муддати кӯтоҳ ба ҳам омадани тоҷикон ҳодисаи камназир аст. Эмомалӣ Раҳмон афзуд, дар амри таҳкими давлатдории миллӣ ва истиқлолияти кишвар набояд ба умеди "хоҷагони хориҷӣ" шуд. "Ба умеди хоҷагони хориҷӣ нашавед, камбудии худамонро худамон беҳтар медонем ва худамон ислоҳ мекунем",-илова кард ӯ.

Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти "як рӯзномаи оппозитсионӣ" дар солҳои 1992-юм ёдовар шуда, бо ишораҳое таъкид кард, ки васоити ахбори омма "бояд масъулият дар устувории вазъи ҷомеа" дарк кунад. Раисиҷумҳури Тоҷикистон афзуд, ҳоло дар ҷомеаи Тоҷикистон калимоте назири оппозитсия ва мухолифин қариб ки аз байн рафтааст

Раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни суханронии худ аз иттифоқоти раванди сулҳ аз ҷумла аз нахустин мулоқоташ бо Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, роҳбари ИНОТ дар Афғонистон ёдоварӣ кард. Вай гуфт, "дар охири мулоқот ба шодравон Сайид Абдуллоҳи Нурӣ гуфтам, ки домулло бубинед дар атрофи мо чӣ вазъ аст. Домулло агар мову Шумо имрӯз масъулятро бар дӯш нагирем, давлати мо пароканда ва аз кураи замин нест мешавад. Мову Шумо ҳамчун миллаткуш дар назди ояндаи миллат боқӣ мемонем ва касе моро намебахшад."

Дар охир раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ки дар Душанбе хиёбоне Ваҳдати миллӣ номгузорӣ шуда, дар он муҷассама ё рамзи ваҳдати миллӣ низ гузошта шавад.
XS
SM
MD
LG