Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳоии 16 гаравгони тоҷик аз "асорат"-и қирғизҳо


Бо мусоидати мақомоти Қирғизистон 16 шаҳрванди Тоҷикистон аз асорати сокинони Қарабоғи Ботканд озод шудаанд.

16 ва ба баъзе маълумот 19 шаҳрванди Тоҷикистон, ки тавассути гурӯҳе аз сокинони рустои наздимарзии Қарабоғи Қирғизистон ба гарав гирифта шуда буданд, бо мусоидати мақомоти вилояти Ботканд раҳо гардидаанд.

Ноиби ҳокими вилояти Бодканди Қирғизистон, Саидҷон Иратов ба Радиои Озодӣ гуфт, "қазия то соати 12-и рӯз ҳал шуд ва мо 19 шаҳрванди Тоҷикистонро озод кардем. Зидди онҳое, ки ин ҷиноятро содир карданд, парвандаи ҷиноӣ боз шуда таҳқиқ идома дорад."

Ғиёсиддин Эҳсонов, намояндаи вилояти Суғд дар вилояти Ботканд, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "бо гаравгонҳои раҳошуда сӯҳбат кардам. Онҳо ҷавон ҳастанд, сокини деҳаи Лаққон, байнашон зану кӯдак нест. Онҳо барои тиҷорат ба бозори наздимарзии деҳаи Қаробоғ, ҳаммарз бо деҳаи Лаққон рафтаанд, як гурӯҳ қирғизҳо онҳоро ба гарав гирифтаанд." Ҷаноби Эҳсонов афзуд, ҳоли шаҳрвандони Тоҷикистон хуб буда, онҳо дар ватан, дар назди хонаводаи худ, қарор доранд.

Ӯ дар шарҳи "асир" уфтодани 16 сокини Тоҷикистон ба дасти сокинони рустои Қаробоғ гуфт, рӯзи 20-уми июн маъмурони пулиси Исфара 3 сокини ноҳияи Бодкандро ҳангоми қочоқи 104 кило симоби сурх (мақомоти Ботканд 30 кило мегӯянд) боздошт мекунанд. Пайвандони ин афрод дар посух 16 сокини Тоҷикистонро ба гарав гирифта, ба мақомоти тоҷик талаб гузоштаанд, ки қирғизҳои боздоштшуда ба гумони қочоқи симобро раҳо кунад.

Зиёда Маллаева, сокини деҳаи Лаққони ноҳия Исфара, гуфт, ҳамсараш -- Акбаралӣ саҳари барвақт ба бозори деҳаи Қарабоғи ноҳияи Ботканд рафта буд. Баъд ба аҳли оилааш аз гаравгон шудани худ телефонӣ хабар додаст. Хонум Зиёда афзуд, "соатҳои даҳуним занг зада гуфтанд, ки ҳамин хел кор шудааст, қирғизҳо гаравгон гирифтаанд, аммо саломатиашон хуб, аз он кас хавотир нашавем. Баъд ба милисаҳои худамон занг задем, гуфтанд, ки шавҳарам саломат дар Ботканд ҳастанд. Ҳоло дар роҳ будаанд, чашм ба роҳем, ки кай ба хона меоянд."

Хатҳои номуайяни марзӣ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон борҳо боиси даргирӣ ва занозании сокинон шудааст. Муноқишаи хунин барои манобеи табиӣ дар миёни тоҷику қирғизҳо дар ноҳияи Исфара ҳатто дар замони Шӯравӣ дар соли 1989-ум ба вуқӯъ пайваст, ки дар он замон се нафар кушта шуданд.

Солҳои охир муноқишаҳои кӯчаке байни сокинони ноҳияи Исфараи Тоҷикистон ва вилояти Ботканди Қирғизистон ба вуқӯъ пайвастааст, аммо мардуми ду тараф то кунун аз низоъҳои оммавӣ эмин мондаанд.

Тоҷикистону Қирғизистон бештар аз 900 километр марз доранд ва бо вуҷуди музокироти тӯлонӣ дар мавриди тақсиму аломатгузории марз ба мувофиқа нарасидаанд. Қирғизистон бар асоси нақшаҳои дигаре мехоҳад, марз тақсиму аломатгузорӣ шавад ва Тоҷикистон бар асоси нақшаи дигаре. Шӯравии собиқ ҳам аз ин нақшаҳо ба ду кишвар зиёд мерос гузоштааст, ки яке аз солҳои 30-юм асту дигаре аз солҳои 60-ум.
XS
SM
MD
LG