Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боди таҳдид аз кадом сӯ мевазад: Кобул ё Тошканд?


Нишасти коршиносон дар Душанбе.
Нишасти коршиносон дар Душанбе.

Таърифе аз хатарҳои амниятии хориҷӣ ба Тоҷикистон, мақомот ва маҳофилро дар сангарҳои мухталиф қарор додааст.

Аввалиҳо бар инанд, ки ин таҳдидҳо аз ҷануб меоянд ва ба бовари ахириҳо, онҳо дар ғарби Тоҷикистон шакл гирифтаанд.

Фарҳод Ҷаъфаров, муовини сардори яке аз раёсатҳои Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон мегӯяд, барои Тоҷикистон хатари асосии берунӣ, террористони зодаи ин кишвар ҳастанд, ки дар кишварҳои ҷануб, аз ҷумла Афғонистон фаъолият мекунанд ва аз сӯи созмонҳои қавитари тундрав дар кишварҳои дигари хориҷӣ сармоягузорӣ мешаванд.

Оқои Ҷаъфаров таҳдиди бузургтареро низ зикр кард: «Боз ин нукта ҳам ташвишовар аст, ки соли 2014 эътилофи байнулмилалӣ мехоҳад дар Афғонистон як нерӯи 300 – ҳазорнафараеро иборат аз пулис, артиш ва ғайра рӯи кор орад. Дар ҳудуди Афғонистон тайи 30 соли ахир ин гуна нерӯи низомии қавӣ вуҷуд надошт. Ин ҷо суол пайдо мешавад, ки ин нерӯ вақте Толибон сари кор меоянд, чӣ гуна истифода хоҳад шуд? Мегӯянд, онҳо аз Толибони Покистон ҷудо шудаанд. Аммо касе кафолат дода наметавонад, ки дар пайи ин хуруҷ чӣ бозие пеш хоҳад омад. Ин таҳдид аз ҳама муҳим боқӣ хоҳад монд.»

Масъули Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар ҳоле изҳори назар кард, ки иддае аз коршиносон даъвои мақомоти низомии кишварҳои ИДМ дар бораи хатари ба сари қудрат расидани Толибон ба ин паҳно, қабл аз ҳама Тоҷикистонро ботил шумориданд.


Рашид Ғанӣ Абдулло, коршиноси тоҷик
Рашид Ғанӣ Абдулло, коршиноси тоҷик
Рашид Ғанӣ Абдулло, коршинос дар умури сиёсӣ гуфт, ки барои Тоҷикистон на аз Афғонистон, балки аз Узбакистон хатари низомӣ пеш омадааст: «То ба ҳоло ҳеҷ нашудааст, ки ягон нерӯе аз Афғонистон вориди Тоҷикистону минтақа шуда бошад. Аз тарафи дигар, оё хатар барои Тоҷикистон дар сарҳадоти Афғонистон аст, вақте иттилоъ танҳо аз ин бобат меравад, ки дар марзи Узбакистону Тоҷикистон вазъи муташанниҷ шудааст. Ҳатто иттилое пахш шуд, ки ҳарду ҷониб нерӯҳои худро ба ин марзҳо мекашанд»

Ин изҳориназарҳо дар ҷаласае ба муносибати 20 - солагии Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ ё ОДКБ иттифоқ афтод, ки 15 майи соли 1992 аз сӯи Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон ба хотири таъмини амнияти паҳнои таҳти нуфузи Русия ташкил шуда буд ва мебоист иттиҳоди низомиие дар муқобили НАТО мешуд.

Дар ҳоле ки мақомоти интизомии Тоҷикистон ин созмонро коршоям ва посухгӯи таҳдидҳои замони муосир, аз қабили терроризм, қочоқи маводи мухаддир, тиҷорати силоҳу инсон ва ғайраҳо дар ИДМ меҳисобанд, коршиносон бар инанд, ки тайи 20 соли ахир дар ҳалли бӯҳрони амниятии дохили созмон, аз ҷумла
Вафо Ниятбеков, коршиноси тоҷик
Вафо Ниятбеков, коршиноси тоҷик
ҳаводиси Андиҷон дар соли 2005 ва ҳаводиси ҷануби Қирғизистон дар соли 2010, заъф ва корношоямии худро нишон дод.

Вафо Ниятбеков, корманди Маркази таҳқиқоти стратегии назди раисҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, ин заъфи созмони низомӣ низ бӯҳрони миёни Тоҷикистону Узбакистонро ба миён овард. Вай афзуд, кишварҳои узв дар ҳалли бӯҳронҳои миёни худ аз зовияи манфиатҳои дуҷониба бархӯрд мекунанд: «Маҳз манофеъи дуҷониба вуҷуд доранд. Дар мисоли мухолифатҳои Тоҷикистону Узбакистон, масалан, Русия наметавонад дахолат кунад, зеро бо Узбакистон дар масъалаи газ ва бо Тоҷикистон ба хотири мавқеи геостратегӣ ва пойгоҳи низомиаш робитаи дуҷониба дорад. Яъне ин ё он ҷонибро гирифта наметавонад. Аз ҳамин хотир, фақат ба музокирот даъват мекунад.»

Владимир Ваниев, мушовири сафири Русия дар Тоҷикистон камбуди СПАД – ро дар адами бархӯрдҳои умумӣ арзёбӣ карда, гуфт, кишвараш наметавонад ба умури дохилии кишварҳои минтақа дахолат кунад, аммо ҷойгоҳашро низ ба касе нахоҳад дод: «Мо мебинем, ки
Владимир Ваниев, мушовири сафорати Русия дар Тоҷикистон.
Владимир Ваниев, мушовири сафорати Русия дар Тоҷикистон.
НАТО кӯшиш кард ҷойгоҳи моро дар Афғонистон пур кунад, аммо то ба ҳол ба чизе назаррас даст наёфтааст. Бахусус, ин ҷо дар Осиёи Марказӣ имкониятҳояш хеле каманд.»

Владимир Ваниев бар аҳамияти нишасти қарибулвуқӯи сарони кишварҳои СПАД дар Маскав ва даъват шудани раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба он таъкид карда, гуфт, яке аз сӯҳбатҳо маҳз ба миён овардани механизмҳои нави бӯҳронҳои дохилӣ хоҳад буд, ки барои Тоҷикистон беаҳамият нахоҳад буд.

Коршиносон мегӯянд,Тоҷикистон ба хотири маҳор кардани хатарҳои хориҷӣ қабл аз ҳама ба имкониятҳои худ такя кунад ва ба ҳар нерӯи матраҳи минтақа, бигзор Толибон ҳам бошад, бояд бархӯрди мустақилонаи худро дошта бошад, зеро дар лаҳзаи зарурӣ каси дигаре барои Тоҷикистон набард намекунад.
XS
SM
MD
LG