Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шеърдӯст: "Омодаем ба Тоҷикистон газ бидиҳем"


Алӣасгари Шеърдӯст, сафири Эрон дар Тоҷикистон.
Алӣасгари Шеърдӯст, сафири Эрон дар Тоҷикистон.

Алиасғари Шеърдӯст, сафири Эрон мегӯяд, кишвараш омодааст ба Тоҷикистону Қирғизистон ва Чин газ бидиҳад.

Тибқи иттилои РressTV-Iran, сафири Эрон дар Тоҷикистон гуфтааст, бар асоси тавофуқоти ба дастомадаи раҳбарони Эрону Афғонистон ва Тоҷикистон дар Душанбе, аз Эрон тавассути Афғонистон ба Тоҷикистон ва Қирғизистону Чин лулаи газ бунёд хоҳад шуд.

Ба гуфтаи Алиасғари Шеърдӯст, илова бар бунёди лулаи гази Эрону Тоҷикистон, ҷонибҳо ба тавофуқ расидаанд, ки дар ҳамин масир аз Тоҷикистон ба Эрон лулаи об ва роҳи мошинрав низ бунёд шавад.

Сафири Эрон дар Тоҷикистон афзудааст, ки ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Эрон дар солҳои ахир дар бахшҳои гуногун рӯ ба густариш аст. Оқои Шеърдӯст аз ҷумла ба ҳамкориҳо дар бахшҳои кишоварзӣ, саноат, коркарди семент ва бунёди нерӯгоҳи хурди барқӣ ишора намудааст.

Аз ин қабл низ давлати Эрон омодагии худро барои кӯмак дар раҳоӣ аз бӯҳрони энержӣ ба Тоҷикистон, эълон карда буд. Як мақоми сафорати Эрон дар Тоҷикистон рӯзи 6-уми апрел ба радиои «Озодӣ» тасдиқ кард, ки дархости Тоҷикистон аз ҷониби Эрон пазируфта шудааст ва Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури Эрон ба мақомоти зидахли ин кишвар дар ин замина дастур додааст.

Ин манбаъ афзуд, ки ҳанӯз миқдор ва ҳаҷми ин кӯмакҳо мушаххас нашудааст, вале ниҳодҳои ин кишвар дар пайи иҷрои ин дастур шудаанд.

Омодагии ироаи кӯмакҳои Эрон барои раҳоӣ аз бӯҳрони энержӣ ба Тоҷикистон дар ҳоле матраҳ мешавад, ки Узбакистон аз аввали моҳи ҷорӣ интиқоли газ ба Тоҷикистонро қатъ кардааст. Дар пайи ин амали Узбакистон, корхонаҳои муҳими Тоҷикистон ба шумули «Тоҷиксемент» аз кор монда ва ширкати Талко-бузургтарин корхонаи саноатии ин кишвар бо хатари ҷиддии қатъи фаъолият рӯбарӯ шудааст.

Ин манбаъ дар сафорати Эрон гуфт, ки Теҳрон омодааст дар рафъи мушкилоти пешомада миёни Душанбе ва Тошканд мусоидат кунад.

Эрон дар ҳоли ҳозир яке аз шарикони муҳими иқтисодии Тоҷикистон ба шумор меравад. Шариф Раҳимзода, вазорати иқтисод ва рушди савдои Тоҷикистон дар оғози соли ҷорӣ гуфта буд, дар 9 моҳи соли гузашта Эрон фақат дар бахши хусусии Тоҷикистон наздик ба 15 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст.

Муҳимтарин тарҳи иқтисодии Эрон дар Тоҷикистон нерӯгоҳи “Сангтӯда-2” аст, ки бо 180-милллион доллар сармоягузории Эрон сохта мешавад. Қабл аз ин Эрон
сохтмони тунели «Истиқлол»-ро, ки шимолу ҷануби Тоҷикистонро ба ҳам мепайвандад, оғоз карда буд, ки агарчанд мавриди истифода қарор дорад, аммо сохтмонаш такмил нашудааст. Эрон ҳамчунин мутааҳҳид шудааст, ки дар рӯди Зарафшон, дар шимоли Тоҷикистон низ нерӯгоҳе бо номи "Ёвон"-ро бисозад.
XS
SM
MD
LG