Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳашт миллиард сомонӣ -- "ҳосил"-и қонуни танзим


Ба қавли мақомот, дар тӯли панҷ соле, ки қонуни "танзим" амал мекунад, сокинони Тоҷикистон ба камхарҷ гузаштани маъракаҳо одат кардаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ба шарофати қабули қонун "дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим" тайи чаҳор соли гузашта сокинони кишвар 8 миллиард сомонӣ (андаке бештар аз 1 миллиарду 675 миллион доллар) сарфаҷӯӣ кардаанд.

Қонуни мазкур, ки баъд аз қабулаш дар моҳи июни соли 2007-ум баҳсҳоеро дар ҷомеаи Тоҷикистон барангехт, баргузор кардани ҷашну маросими бодабдабаро мамнӯъ мекунад ва ба гуфтаи мақомоти расмӣ, иҷоза додааст, пасандозҳои мардум дар бонкҳои Тоҷикистон 20 баробар афзоиш ёбад. Қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим, аз ҷумла баргузории 19 маъракаро мамнӯъ ва 8 ҷашну маросимро маҳдуд мекунад.

Дар як таҳлили тӯлонӣ, ки мадомот таҳия кардаанд, гуфта мешавад, қонуни мазкур фарҳанги ҷашну маъракаороиро дар Тоҷикистон боло бурд ва аз ҷумла ба мардуми камбизоат имкон дод, "бидуни шарм ва таънаи дигарон маросимҳои сӯгворӣ баргузор намоянд". Як фоидаи дигари қонун ба гуфтаи муаллифони матлаб, эмин мондани тақрибан як миллион гову гӯсфанду буз, як сарвати хонаводаҳои камбизоати тоҷик будааст.

Дар ин матлаб омадааст: "Аз таҳлилҳо бармеояд, ки дар баргузории 688 ҳазор маъракаи ба қайдгирифташуда дар Тоҷикистон, дар муддати амали қонун 68 ҳазору 224 сар чорвои калон ва 343 ҳазор чорвои хурд забҳ шудааст. Агар ин миқдорро ба давраи то қабули қонун, ки дар ҳар маърака ками андар кам як чорвои калон забҳ мешуд, қиёс намоем, он гоҳ бештар аз 619 ҳазор сар чорвои калон камтар забҳ гардида, 276 ҳазор маъракаи мардумӣ бе забҳи чорво баргузор шудааст. Яъне ҷамъ 895 ҳазор сар чорвои хурду калон ба фоидаи шаҳрвандон сарфа шудааст."

Гуфта шудааст, тайи чаҳор соли гузашта бештар аз 900 мавриди риоят накардани ин қонун сабт шудааст ва аз "гунаҳкорон" ба маблағи 2 миллиону 500 ҳазор сомонӣ ҷарима ситонидаанд. Зоҳиран қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ислоҳ карда хоҳад шуд, зеро дар он омадааст, мардум хостаанд, то баргузории баъзе аз дигар маъракаҳои бошукӯҳ мамнӯъ шавад, ба мисли бузкашӣ ва гӯштӣ, ки баъзе аз сарватмандони тоҷик дар ҷашнҳои арӯсии фарзандонашон баргузор мекунанд.
XS
SM
MD
LG