Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумитаи дин: "Ҷаримабандӣ барои тартибу низом аст"


Ҷаримаҳое, ки барои таблиғ, омӯзиш ва робита бо созмонҳои динии хориҷӣ ҷорӣ шуд, иддаеро ба ташвиш овардааст.

Ахиран порлумони Тоҷикистон ба қонуни "Ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ" ислоҳот ворид ва барои риоя накардани қоидаи гирифтани маълумоти олии динӣ дар хориҷ аз кишвар то 4 ҳазор сомонӣ ҷарима муқаррар намуд. Шаҳрвандони Тоҷикистон танҳо дар сурати хатми Донишгоҳи исломии кишвар ва бо дарёфти иҷозаи хаттии вазорати маориф ва Кумитаи дин ҳаққи омӯзиш дар мадрасаҳои динии хориҷиро ба даст хоҳанд овард.

Бар пояи ин ислоҳот, ҳамчунин созмонҳои динӣ бидуни иҷозаи мақомоти давлатӣ наметавонанд бо созмонҳои динии хориҷӣ робита барқарор кунанд. Дар ғайри сурат, онҳо ба пардохти аз 1 200 то 1 600 сомонӣ муваззаф хоҳанд шуд. Барои чорабиниҳои таблиғотӣ ва маърифатӣ, ки аз ҷониби созмонҳои динӣ дар ҳудуд (территория)-и мактабҳои таҳсилоти умумӣ ё манзили сокинон гузаронида мешавад, то 2 ҳазор сомонӣ ҷарима муқаррар шудааст.

Ҷумъахон Ғиёсов
Ҷумъахон Ғиёсов
Ҷумъахон Ғиёсов, муовини аввали раиси Кумитаи дини Тоҷикистон, ки пешнависи ин санади ҳуқуқиро дар иҷлоси порлумон муаррифӣ кардааст, ба Радиои Оздӣ гуфт, ин чораҳои маъмурӣ барои ба тартибу низом даровардани фаъолиятҳои мазҳабӣ дар кишвар мебошад, на чизи дигар. Ӯ афзуд, "онҳое, ки худсарона ба хориҷи кишвар мераванд ва ниҳодҳои масъулро дар ҷараён намегузоранд, бидуни онҳо робита мекунанд, ҷарима баста мешаванд. Ин танҳо барои тартибу низом аст."

Саидумар Ҳусайнӣ, муовини раиси Ҳизби Наҳзати Исломӣ ва намояндаи ин ҳизб дар порлумон, гуфт, ин ҷаримабандиҳо як навъ фишор ба диндорон ва афроде мебошад, ки мехоҳанд таълимоти динӣ бигиранд. Вай гуфт, дар иҷлоси порлумон ҳатто пешниҳоди онҳо дар хусуси 50 дарсад кам кардани ҷаримаҳо пазируфта нашудааст.

"Хуб, барои фаъолияти таблиғоти динӣ ҷарима баста шуд. Ин бошад, вале барои маърифат ва арзишҳои маърифатӣ, аз ҷумла маърифати динӣ ҳам чаро муҷозот шавад? Пешниҳод карда шуд, ки ақаллан бахши маърифатро аз қонун ҳазф кунанд, мутассифона, пешниҳод нагузашт",-мегӯяд ӯ.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:42 0:00
Линки мустақим


Сайидумар Ҳусайнӣ
Сайидумар Ҳусайнӣ
Фаррух Умаров, коршиноси масоили динӣ, мегӯяд, ҷаримабандӣ як навъ роҳи ғайриидеологии ҳалли масъала аст: "Агар Тоҷикистон ба унвони кишвари дунявӣ тибқи Конститутсияи ҷумҳурӣ, ки ҳуқуқҳои шаҳрвандонро танзим кардааст, барои фаъолияти бидуни иҷозаи ниҳодҳои зидахли кишвар дар мактабҳои мазҳабии хориҷӣ ба ҷазо кашад, ё ба ҳабс гирад, ин як хусусияти идеологӣ пайдо мекунад ва ба маънои хатчадор шудани ҳуқуқи шаҳрвандон мебошад. Аз ин рӯ, ҷарима бастан ин ба маънои пайравӣ аз кишварҳои ғарбист ва ё мувофиқи қонунҳои иқтисоди бозаргонӣ амал кардан аст."

Дар моҳи марти соли 2009-ум дар порлумони Тоҷикистон қонун дар бораи “озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” тасвиб шуда буд ва фаъолиятҳои мазкурро ба танзим медаровард. Коршиносон мегӯянд, ҳоло бо ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонуни "Ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ" роҳи иҷрои ин қонун мушаххас карда шудааст.
XS
SM
MD
LG