Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фоҷиаи Ҳула. Қазияи Сурия печидатар мешавад


Раисиҷумҳури Фаронса дар пайи куштори сокинони осиштаи Ҳула гуфт, сафири Сурияро аз кишвараш ихроҷ мекунад.

Фаронса сафири Сурияро аз кишвар хориҷ мекунад. Дар ин бора раисиҷумҳур Франсуа Олланд хабар дод ва ин тасмимро ба куштори беш аз сад сокини осоиштаи шаҳри Ҳула марбут донист.

Фоҷиаи Ҳула мақомоти дигар кишварҳои Иттиҳодияи Аврупоро низ барои ихроҷи дипломатҳои суриягӣ таҳрик дод. Қарор аст, сафири Сурия дар Олмон низ ба зудӣ қаламрави ин кишварро тарк намояд. Сафири Сурия дар Бритониё қаблан аз ин кишвар ихроҷ шуда буд ва ахиран Лондон дар бораи берун кардани ваколатдори умури Сурия ҳам тасмим гирифт.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ куштори мардуми осоиштаи шаҳри Ҳуларо шадидан маҳкум карда, хостори муҷозоти гунаҳкорон шудааст.

Руперт Колвил, сухангӯи Комиссари олии ҳуқуқи башари Созмони Милал ахиран гуфт, бар пояи тафтишоти муқаддамотӣ, фақат бист нафар аз 108 сокини шаҳри Ҳулаи Сурия бар асари тирборони шаҳр кушта шудаанд. Дигарон, аз ҷумла, кӯдакон, ҳадафи тири гурӯҳҳои мусаллаҳи пуштибон аз ҳукумат қарор гирифтаанд.

Дар акс: Кофӣ Аннон (чап) ва Башор Асад (рост)
Дар акс: Кофӣ Аннон (чап) ва Башор Асад (рост)
Куштори сокинони осоиштаи Ҳула – хунбортарин дар чанд моҳи ахир дар Сурия маҳсуб мешавад. Дирӯз (28-уми май) Шӯрои амнияти СММ амали нерӯҳои ҳукуматӣ, аз ҷумла, аз сӯи онҳо истифода шудани тӯпхонаро маҳкум намуд. Димишқ, дар навбати худ, дар ин ҳодиса мухолифини мусаллаҳро айбдор медонад.

Фоҷиаи Ҳула фиристодаи вижаи СММ ва Ҷомеаи кишварҳои араб Кофӣ Аннонро маҷбур сохт, ки оҷилан вориди Сурия шавад. Ҳадафи сафари ӯ - моил сохтани нерӯҳои ҳукуматӣ ва мухолифони мусаллаҳ ба иҷрои созиши оташбас эълон шудааст. Субҳи имрӯз (29-уми май) Кофӣ Аннон дар Димишқ бо раисиҷумҳур Башор Асад дидору гуфтугӯ кард ва аммо тафсилоти мулоқот алҳол нашр нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, аз манотиқи гуногуни Сурия дар бораи идомаи хушунат хабар мерасад. Бар асари задухӯрдҳо дар шимоли кишвар, ба иттилои ҳомиёни ҳуқуқи башар, ба камияш 20 низомӣ кушта шуданд. Ҳафт сокини осоишта дар шаҳри Ҳумс ба ҳалокат расидаанд.
XS
SM
MD
LG