Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозии “Истиқлол” ва мунтахаби ҷавонон мусовӣ шуд


Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-22) бозии санҷиширо бо тими “Истиқлол”-и Душанбе бо ҳисоби 1:1 анҷом дод.

Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-22) бозии санҷиширо бо тими “Истиқлол”-и Душанбе бо ҳисоби 1:1 анҷом дод.

Ин бозӣ 23-юми май дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии пойтахти кишвар бо ҳузури 800 тамошогар баргузор шуд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон футболбозони ҷавон аз тимҳои лигаи олии кишвар дохил буданд.

Шодибек Ғаффоров (“Энергетик”), ҳамлагари дастаи мунтахаби ҷавонони кишвар, дар дақиқаи 17-ум ҳисобро боз кард. Танҳо дар замони изофӣ – 90+2 ба Руслан Рафиков, ҳимоятгари дастаи “Истиқлол”, муяссар шуд, ки ҳисобро баробар намояд.

Бояд гуфт, дар дақиқаҳои охири бозӣ сардовар Равшан Ишматов (Қӯрғонтеппа) ҳимоятгари “Истиқлол” Даврон Эргашевро барои бозии дағалонааш муқобили рақиб аз майдон хориҷ кард.

Ҳайати дастаҳо чунин буд:

Дастаи “Истиқлол”: Саидҷон Саидраҳмонов, Соҳиб Саванқулов, Руслан Рафиков, Эраҷ Раҷабов, Даврон Эргашев, Александр Франк, Фирӯз Бобиев, Дилшод Восиев (капитан), Шаҳзод Сулаймонов, Иброҳим Рабимов, Фирдавс Қурбонов.

Дар нимаи дувуми бозӣ инҳо ҳамдастаҳояшонро иваз карданд: Алишер Тӯйчиев, Юсуф Рабиев, Александр Кудряшов, Маҳмадалӣ Содиқов, Нуриддин Давронов, Додохон Мӯъминов.

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон: Мӯъминҷон Гадойбоев (“Хуҷанд”), Наим Улмасов, Сиёвуш Асроров (ҳарду - “Вахш”), Фурӯғ Қодиров, Руслан Тиллоев, Шамсиддин Қосимов, Азимҷон Юнусзода (ҳама – ССКА “Помир”), Қурбоналӣ Собиров (“Зарафшон”), Расул Файзов (“Регар-ТадАЗ”, капитан), Шодибек Ғаффоров “Энергетик”), Наврӯз Рустамов (“Равшан”).

Дар ҷараёни бозӣ инҳо ҳамдастаҳояшонро иваз карданд: Файзалӣ Давлатов (ССКА “Помир”), Фаррух Бердиев (“Парвоз”), Сулаймон Мирзомуродов, Ҷамолиддин Зардиев, Сергей Абрамов (ҳарсе - “Вахш”), Шероз Абдуллоев (“Парвоз”), Манучеҳр Аҳмадов (“Хуҷанд”), Раҳмонҷон Ҷӯраев (“Истаравшан”), Алишер Шарифов (“Регар-ТадАЗ”), Нодирҷон Маъмиров (“Парвоз”), Ҷаҳонгир Эргашев, Беҳзод Шарифов (ҳарду – ССКА “Помир”).

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бозии аввали санҷиширо 16-уми май дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Қӯрғонтеппа бо тими мунтахаби вилояти Хатлон низ бо ҳисоби 1:1 анҷом дода буд.

Ёдовар мешавем, Камол Алиспоҳич , мутахассиси 47-солаи босниягӣ, ки рӯзи 18-уми май ба Душанбе омад, бо тасмими Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони то 22-солаи кишвар таъйин шуд. Салоҳиддин Ғафуров, ки пеш сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон буд, ҳоло мураббии калони ин тим таъйин шудааст. Инчунин, Аслиддин Ҳабибуллоев дарвозабонҳои мунтахаби ҷавононро машқ медиҳад. Менеҷери даста Ислом Маҳмадшоев, сардори шӯъбаи равобити байнулмилалии ФФТ, мебошад.

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё дар гурӯҳи «С» бо тимҳои Баҳрайн, Эрон, Қатар, Кувайт ва Ҷазоири Молдив рақобат хоҳад кард. Бозиҳои ин гурӯҳ аз 23-юми июн то 3-юми июл дар пойтахти Малайзия – шаҳри Куала-Лумпур баргузор хоҳанд шуд.

Ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ ба даври ниҳоӣ, ки аз 11-ум то 26-уми январи соли 2014-ум доир мешавад, роҳхат мегирад. Мусобиқаи қаҳрамонии футболбозони то 22-соларо Конфедератсияи футболи Осиё барои бори аввал баргузор мекунад ва бар асоси нақша он дар ҳар ду сол як маротиба барпо мегардад.

Мусобиқаи қаҳрамонии соли 2014-ум озмоишист ва мусобиқае, ки соли 2016-ум барпо мешавад, мақоми сабқати интихобии Олимпиада-2016 дар Бразилро касб хоҳад кард.

Тақвими бозиҳои дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё

Даври 1-ум
23-юми июн (шанбе)


Тоҷикистон – Баҳрайн
Қатар – Молдив

Даври 2-юм
25-уми июн (душанбе)


Баҳрайн – Кувайт
Эрон – Қатар
Тоҷикистон – Молдив

Даври 3-юм
28-уми июн (панҷшанбе)


Кувайт – Тоҷикистон
Молдив – Эрон
Баҳрайн – Қатар

Даври 4-ум
30-юми июн (шанбе)


Қатар – Кувайт
Молдив – Баҳрайн
Эрон – Тоҷикистон

Даври 5-ум
3-юми июл (сешанбе)


Кувайт – Молдив
Тоҷикистон – Қатар
Баҳрайн – Эрон

Минтақаи ғарбӣ
Гурӯҳи А: АМА, Ироқ, Умон, Ҳиндустон, Туркманистон, Лубнон.
Гурӯҳи В: Арабистони Саудӣ, Сурия, Покистон, Фаластин, Қирғизистон, Шри-Ланка.
Гурӯҳи С: Баҳрайн, Эрон, Тоҷикистон, Қатар, Кувайт, Молдив.
Гурӯҳи D: Узбакистон, Урдун, Яман, Бангладеш, Непал.

Минтақаи шарқӣ
Гурӯҳи Е: Австралия, Ҷопон, Индонезия, Сингапур, Макао, Тимори Шарқӣ.
Гурӯҳи F: Кореяи Шимолӣ, Чин, Тайланд, Ҳонконг, Лаос, Камбоҷа.
Гурӯҳи G: Кореяи Ҷанубӣ, Вйетнам, Малайзия, Мянмар, Тайван, Филиппин.
XS
SM
MD
LG