Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Алиспоҳич -- сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонон


Камол Алиспоҳич
Камол Алиспоҳич

Камол Алиспоҳич сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол таъйин шудааст.

Камол Алиспоҳич, мутахассиси 47-солаи босниягӣ, ки рӯзи 18-уми май ба Душанбе омад, бо тасмими Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони то 22-солаи кишвар таъйин шуд. Салоҳиддин Ғафуров, ки пеш сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон буд, ҳоло мураббии калони ин тим шудааст. Инчунин, Аслиддин Ҳабибуллоев дарвозабонҳои мунтахаби ҷавононро машқ медиҳад. Менеҷери даста Ислом Маҳмадшоев, сардори шӯъбаи равобити байнулмилалии ФФТ, мебошад.

Алиспоҳич рӯзҳои 19 ва 20-уми май ду даври бозии ҳафтуми мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистонро бо иштироки дастаҳои "Регар-ТадАЗ" - "Хуҷанд" ва "Вахш" - "Зарафшон" дар шаҳрҳои Турсунзода ва Қӯрғонтеппаро тамошо мекунад.

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо роҳбарии Алиспоҳич дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар гурӯҳи "С" бо тимҳои ҷавонони Баҳрайн, Молдив, Кувайт, Эрон ва Қатар рақобат хоҳад кард.

Бозиҳои ин гурӯҳ аз 23-юми июн то 3-юми июли соли ҷорӣ дар пойтахти Малайзия, шаҳри Куала- Лумпур, баргузор хоҳад шуд.

Ба иттилои Валерий Турсунов, муовини аввали раиси ФФТ, Камол Алиспоҳич ҳамзамон вазифаи сармураббии дастаи миллии футболи Тоҷикистонро бар ӯҳда дорад.

Ёдовар мешавем, тими миллии футболи Тоҷикистон таҳти раҳбарии Камол Алиспоҳич имсол чаҳор бозии расмӣ анҷом додааст: як ғалаба, як мусовӣ ва ду бохт.

Бозии сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2014 миёни тимҳои миллии Тоҷикистону Кореяи Шимолӣ дар шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 1:1 анҷом ёфта буд. Баъдан Тоҷикистон дар сабқати ниҳоии Ҷоми даъвати АФК дар Непал бар тими миллии Ҳиндустон бо ҳисоби 2:0 ғолиб омад, вале пас аз он аз дастаҳои мунтахаби Кореяи Шимолӣ бо ҳисоби 0:2 ва Филиппин бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд ва аз идомаи мубориза барои Ҷоми даъвати АФК ва роҳхат ба Ҷоми Осиё-2015 маҳрум гашт.

Камол Алиспоҳич муҷаввизи мураббии дараҷаи PRO дорад. Ӯ солҳои пешин дар дастаҳои «Сараево», «Железничар» (Сараево), «Слобода» (Ужитсе, Сербия), «Дуйсбург» (Олмон), «Кайсериспор» (Туркия) ва «Лозанна-Спорт» (Швейтсария) бозӣ кардааст.

Алиспоҳич шурӯъ аз соли 1997 дар мақоми сармураббии тимҳои «Лозанна» (U-21, Швейтсария), КФ «Этагниерес» (Швейтсария), «Железничар» (Босния ва Герсоговина), «Сараево» (Босния ва Герсеговина), «Сабо» (Эрон), НК «Единство» (Бихач, Босния ва Герсеговина), «Муган» (Саляни, Озарбойҷон), «Ал-Иттиҳод» (Алеппо, Сурия) ифои вазифа намудааст.

Ӯ ба ҳайси мураббӣ дар се чемпионат ва Ҷоми Босния ва Герсеговина ғолиб омада, ду бор Суперкубоки Босния ва Герсеговина ва як маротиба Ҷоми Сурияро ба даст овардаааст. Алиспоҳич бо забонҳои немисӣ, туркӣ, фаронсавӣ ва русӣ сӯҳбат мекунад.
XS
SM
MD
LG