Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қарордод бо Алиспоҳич. 10 ҳазор доллар барои 2 моҳ


ФФТ бо Камол Алиспоҳич, сармураббии тими миллии футболи Тоҷикистон, ба мӯҳлати ду моҳ қарордод ба тасвиб расонд.

Дар ин бора ба “Озодӣ” бегоҳи имрӯз, 1-уми март, Валерий Турсунов, муовини аввали раиси Федеросиюни футболи Тоҷикистон, хабар дод.

Ӯ афзуд, “мувофиқи қарордод ба Камол Алиспоҳич, мутахассиси 46-солаи босниягӣ, барои ду моҳ 10 ҳазор доллар дода мешавад. Мо баъдан мӯҳлати қарордодро бо ӯ тамдид мекунем ва маблағи моҳонааш афзун хоҳад шуд.”


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:09 0:00
Линки мустақим


Ҷаноби Турсунов, инчунин, иттилоъ дод, ки мутахассиси дигари босниягӣ Алмир Сеферовичи 35-сола, ки ба тозагӣ мураббии тарбияти бадании тими миллии кишвар таъйин шуд, бар асоси қарордод 3 ҳазор доллар маош мегирад.

Тими миллии кишвар таҳти раҳбарии Камол Алиспоҳич дар сабқати ниҳоии Ҷоми даъвати AFC-2012 дар Непал (8-18 март) дар гурӯҳи «В» бо тимҳои миллии Кореяи Шимолӣ, Ҳиндустон ва Филиппин рақобат хоҳад кард. Ғолиби ин сабқат ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2015, ки дар Австралия доир хоҳад шуд, роҳхат мегирад.

Шарҳҳоро бинед (7)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG