Пайвандҳои дастрасӣ

Раиси ФФТ аз доварон хост, мунсифона ҳакамӣ кунанд


Рустами Эмомалӣ, президенти Федеросиюни футболи Тоҷикистон (рост)

Раҳбари Федеросиюни футболи Тоҷикистон аз доварон хост, ки бозиҳои футболро дилпурона ва озод ҳакамӣ кунанд.

Рустами Эмомалӣ, раиси Федеросиюни футболи Тоҷикистон, бо довароне, ки дар бозиҳои мусобиқаи қаҳрамонии Лигаи олии кишвар хидмат мекунанд, мулоқот кард.

Дар ин бора ба “Озодӣ” Фаридун Солиев, сухангӯи Федеросиюни футболи Тоҷикистон, хабар дод. Ӯ афзуд, раҳбари футболи тоҷик ба доварон дар бораи масъулияташон ҳангоми ҳакамӣ дар бозиҳои мусобиқаи қаҳрамонии кишвар таъкид кардааст.

Рустами Эмомалӣ иброз доштааст, ки “ин мавсим оддӣ нест, як қатор клубҳои Тоҷикистон сертакаббуранд. Мо ба кумитаи доварону нозирони федератсия комилан бовар дорем ва умедворем, шумо бозиҳои футболро дилпурона ва озод ҳакамӣ мекунед. Ҳама чиз бояд дар майдони футбол ҳал шавад, на берун аз он. Бинобар ин ман шуморо даъват мекунам, ки дар ин мавсим возеҳ ва ба таври касбӣ фаъолият кунед. Бигузор ҷоизадорони чемпионати Тоҷикистон дастаҳое шаванд, ки ба ин сазоворанд. Мавсим мунсифона ва бо муборизаи варзишӣ натиҷагирӣ хоҳад шуд. Ба шумо комёбиҳо ва барори кор мехоҳам.”

Дар мулоқот, инчунин, Валерий Турсунов, муовини аввали раиси Федеросиюни футболи Тоҷикистон, Фирдавс Файзуллоев, дабири кулли ФФТ ва Абдураҳим Бобоев, раиси кумитаи доварону нозирони федеросиюн ширкат доштаанд.

Рустами Эмомалӣ дар моҳи январи соли ҷорӣ президенти Федеросиюни футболи Тоҷикистон интихоб шуда ва дар ин мақом генерал Сӯҳроб Қосимовро иваз карда буд. Дар тӯли чаҳор моҳи раҳбарии ӯ ду сармураббии хориҷӣ ба футболи Тоҷикистон омаданд. Камол Алиспоҳич ба унвони сармуррабии дастаи миллӣ ва Никола Кавазович ҳамчун сармураббии дастаи "Истиқлол"-и Душанбе пазируфта шуданд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Озодӣ дар Ютуб

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG