Далия Грибаускайте, раисиҷумҳури Литва, шоми ҷумъа баъд аз мулоқот бо Виктор Янукович, раисиҷумҳури Украина, дар Киев гуфт: “Ман гуфтам, агар ягон роҳи ҳалли табобат ва тазминҳои ҳуқуқӣ барои тамоми маҳбусони мухолиф ва нафақат мухолиф пайдо нашавад, албатта, муносибат ба чунин кишвар интиқодомез хоҳад буд ва ҳатман ба ин ё он навъи инзивоъ рӯбарӯ хоҳад шуд.”
Далия Грибаускайте афзуд, Украинаро роҳи тӯлоние дар пеш аст, ки ба боқӣ аъзои хонаводаи умумии Аврупо бипайвандад. Ӯ гуфт, Киев дар ин роҳ “вазифаи хонагӣ”-и зиёде дорад, ки бояд иҷро кунад: “Ин вазифаи хонагие, ки бояд иҷро шавад ва ин ислоҳот осон нест. Мо - Литва ва кишварҳои дигар - низ роҳи тӯлониеро барои таъмини ҳуқуқи инсон ва ислоҳи низоми ҳуқуқӣ тай кардем, то ин низом на таъқиботӣ, балки ҳомӣ ва посбони ҳуқуқи мардум бошад. Ин осон нест, бояд дидгоҳ ва ҷаҳонбинии худро дигар кард, вале ҳамаи кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо ҳамин роҳро тай карданд. Агар Украина низ барои худ чунин ояндаро бихоҳад, бояд ин роҳро тай кунад.”
Далия Грибаускайте рӯзи ҷумъа аз Юлия Тимошенко ҳам дар бемористони Харков аёдат кард. Тимошенко, ки аз дарди пушт азият мекашад, феълан дар бемористони Харков таҳти табобат қарор дорад. Аз замони ба 7 соли зиндон маҳкум шудани Тимошенко дар моҳи октябр, Грибаускайте нахустин раҳбари хориҷист, ки иҷозати боздид бо ӯ дар зиндонро ба даст овард. Давлати Итолиё низ рӯзи ҷумъа аз Киев хост, то боздиди муовини вазири хориҷааш Марта Дассу аз Тимошенкоро иҷозат диҳад.
Сарнавишти Тимошенко, бахусус дар пайи шикояти ӯ аз латукӯб шуданаш аз сӯи зиндонбонҳо дар моҳи апрел ва эълони гуруснанишинии эътирозӣ мояи қаҳру хашм дар Ғарб шуд ва як силсила аз раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо таҳдид кардаанд, ки бозиҳои моҳи июни қаҳрамонии футболи Аврупо -- Евро-2012 дар Украинаро бойкот хоҳанд кард. Ба нишони эътироз ба шароити табобати Тимошенко аз сафар ба Украина худдорӣ кардани раҳбарони аврупоӣ алакай боиси ба таъхир андохтани нишасти сарони Аврупои марказӣ шуд, ки мебоист рӯзи 15-уми май дар Қрими Украина оғоз ба кор мекард.
Юлия Тимошенко аз раҳбарони “инқилоби норанҷӣ”-и соли 2004 ва аз мунтақидони тунди давлати Виктор Янукович маҳсуб шуда, интихоботи соли 2010-ро бо фарқи андаке ба ин рақибаш бохт. Тарафдоронаш ҳукми зиндони сарвазири собиқро, ки бо ҷурми сӯиистифода аз мақом ба ҳангоми имзои қарордоди газ бо Русия дар соли 2009 содир шудааст, ҳукми сиёсӣ ва интиқоми атрофиёни Янукович аз ин рақиби сарсахти раҳбари кунунии Украина медонанд.
Рӯзи ҷумъа садҳо нафар дар Киев- пойтахти Украина - ба нишони эътироз ба режими Янукович гирди ҳам омада, пуштибонии худ аз Юлия Тимошенкоро изҳор доштанд. Тазоҳургарон раҳоии ӯро талаб карданд ва духтараш Евгения номаи Тимошенкоро қироат кард. Раҳбари мухолифони Украина дар ин номааш ба зарурати эҷоди шеваҳои нави тавсиаи ҳуқуқ ва имконоти мардуми оддӣ даъват мекунад, ки бояд оғози раванди импичменти мақомоти давлатиро барои шаҳрвандон осон кунад.