Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари Литва ба дидори Юлия Тимошенко меравад


Далиа Грибаускайте
Далиа Грибаускайте
Хонум Далиа Грибаускайте–раиси ҷумҳури Литва мегӯяд, вай талош хоҳад кард, ки дар ҷараёни боздидаш аз Украина ба аёдати Юлия Тимошенко-нахуствазири пешини ин кишвар биравад. Вай ҳоло дар бемористон муолиҷа мегирад. Дар ҳамин ҳол, Ангела Маркел-нахуствазири Олмон гуфтааст, ки Украина низ мисли Беларус кишвари “диктаторист”. Агар ба раиси ҷумҳури Литва иҷоза диҳанд, ки вай дар шаҳри Харков дар бемористон Юлияи Тимошенкоро бубинад, дар он сурат баъд аз моҳи октябри соли 2011 раиси ҷумҳури Литва аввалин раҳбари як кишвари хориҷӣ хоҳад буд, ки бо Тимошенко мулоқот мекунад. Тимошенко моҳи октабри соли 2011 барои суистифода аз мақом 7 сол маҳкум ба зиндон шуд.
XS
SM
MD
LG