Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сулаймон Давлатов - ректори нави Донишкадаи исломӣ


Даромадгоҳи Донишкадаи исломии Тоҷикистон.
Даромадгоҳи Донишкадаи исломии Тоҷикистон.

Дафтари мабуоти президенти Тоҷикистон иттилоъ дод, ки рӯзи ҷумъа бо фармони Эмомалӣ Раҳмон як қатор тағйироти кадрӣ анҷом гирифт.

Аз ҷумла Сулаймон Давлатов, мудири робитаҳои байналмилалии Донишкадаи исломӣ, ба ҷои Умаралӣ Назаров ректори ҳамин донишкада таъйин карда шуд. Сулаймон Давлатов таҳсилкардаи Донишгоҳи байналмилалии исломии Исломобод мебошад.

Худойбердӣ Холиқназаров, собиқ вазири умури хориҷии Тоҷикистон, ки дар Маркази стратегии назди раёсати ҷумҳури Тоҷикистон ба ҳайси коршинос фаъолият дошт, муовини аввали раиси ин марказ мансуб шуд.

Дар доираи ин тағйироти кадрӣ ҳамчунин дар сатҳи муовинати баъзе аз кумитаҳо дигаргуниҳои кадрӣ сурат гирифта, аз ҷумла Ҳикматулло Назиров муовини аввали раиси Кумитаи ҳифзи табиати Тоҷикистон таъйин шудааст.

Дар курсии раиси ҳукумати ноҳияи Ҷалолиддин Румӣ ва Темурмалик шахсони дигар такя задаанд. Аз ҷумла Амирулло Холов, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ҷалолиддин Румӣ ва Мирзохон Сангов иҷрокунандаи вазифаи раиси ҳукумати ноҳияиТемурмалики вилояти Хатлон мансуб шуданд.
XS
SM
MD
LG