Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин розист, ки Чени норозӣ ба Амрико равад


Чен Гуанченг, норозии чинӣ.
Чен Гуанченг, норозии чинӣ.

Давлати Чин мегӯяд, Чен Гуангченг -- фаъоли ҳуқуқи башар метавонад барои таҳсил ба хориҷ аз кишвар биравад.

Сухангӯи вазорати умури Чин дар иттилоияе, ки рӯзи ҷумъа дар вебсайти расмии ин вазорат мунташир шуд, эълом кард: «Агар Чен Гуангченг мехоҳад барои таҳсил ба хориҷ аз кишвар биравад, мисли ҳар шаҳрванид чинии дигар бояд аз роҳҳои қонунӣ ва бо рияоти муқаррарот дар ин замина иқдом кунад.»

Тасмими ин норозии чинӣ барои хуруҷ аз кишвар ва рафтан ба Амрико, ки оқои Гуангченг онро бо аъзои Конгресси Амрико низ дар миён гузошт, ба як ҷанҷоли дипломатӣ дар равобити Чин ва Амрико табдил шуд.

Мақомоти ду кишвар рӯзҳои ахир дар ин маврид музокироте анҷом дода ва талош карданд, ки ин ҳодиса сафари расмӣ ва муҳими Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико ба Пекинро таҳти шуоъ қарор надиҳад ва ҳоло ба назар мерасад, ки баёнияи вазорати умури хориҷии Чин битавонад барои коҳиши бӯҳрони вобаста ба сарнавишти Чен Гуангченг роҳи ҳалле боз кунад.

Ин тӯфони дипломатӣ дар равобити Чин ва Амрико дар шароите рӯй медиҳад, ки то интихоботи раёсати ҷумҳури Амрико чанд моҳи дигар боқӣ мондааст ва аз сӯи дигар тағйирот дар кадрҳои раҳбарии Ҳизби ҳоким ва давлати Чин низ, ки ҳар даҳ соли як бор иваз мешавад, дар моҳҳои оянда сурат хоҳад гирифт.

Шабакаи хабарии СНН мегӯяд, ки оқои Гуангченг дар тамоси телефонӣ бо аъзои Конгресси Амрико хоҳиши худ барои рафтан ба он кишварро матраҳ кардааст. Чен Гуангченг ки ҳоло дар бемористоне дар шаҳри Пекин бистарӣ аст, моҳи гузашта пас аз фирор аз манзили худ, ки дар онҷо ҳабси хонагӣ буд, ба сафорати Амрико паноҳанда шуд ва шаш рӯз дар онҷо монд.

Тибқи тавовуқе, ки байни Чин ва Амрико сурат гирифт, қарор буд, ки дар сурати тарки маҳали сафорати Амрико, мақомоти ин кишвар битавонанд бо Чен дидор кунанд. Аммо ба назар мерасад, ки мақомоти Чин то ба ҳол аз мулоқоти мақомоти амрикоӣ бо вай ҷилавгирӣ мекунанд.
2-юми май замоне, ки оқои Чен маҳали сафорати Амрикоро тарк кард, мақомоти амрикоӣ гуфтанд, ки дар мавриди сарнавишти вай бо мақомоти чинӣ ба тавофуқ расиданд ва ин норозии чинӣ бар асосӣ хости худаш аз сафорат берун шудааст.

Чен ки чиҳил сол дорад ва нобино аст, бо худомӯзӣ тавонистааст таҳсилоташро дар риштаи ҳуқуқ такмил кунад ва ба унвони вакил фаъолият намояд. Оқои Чен ҳудуди 18 моҳ дар ҳабси хонагӣ ва қабл аз он низ чаҳор сол дар зиндон буд. Ба назар мерасад, ки далели маҳкумият ва зиндони вай фаъолиятҳои ҳуқуқии ӯ барои мубориза бо системаи иҷбории танзими хонавода ва контроли ҷамъият дар Чин будааст.
XS
SM
MD
LG