Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дигарандеши нобинои чинӣ аз Обама мадад хостааст


Дигарандеши нобинои чиноӣ Чен Гуангченг аз раисиҷумҳури Амрико хостааст, то барои рафтани ӯву хонаводааш аз Чин кӯмак кунад.

Чен чанд соат баъд аз тарки сафорати Амрико дар Пекин ба хабарнигорон гуфт, ба ҳаёти наздиконаш дар Чин хатар таҳдид мекунад. Аммо мақомоти амрикоӣ қаблан гуфтанд, ки Чен сафоратро ихтиёран ва ба хотири пайвастан ба аҳли хонаводааш тарк карда, аз ин кишвар паноҳандагӣ напурсидааст.

Қазияи дигарандеши нобинои чиноӣ Чен Гуангченг, ки паноҳ бурданаш дар сафорати Амрико дар Пекин рӯи дастури кори нишасти солонаи Вошингтону Пекин дар чаҳорчӯби Муколамаи стротегиву иқтисодии Амрикову Чин соя андохта буд, ахиран ба сӯи дигар чархид. Чен гуфт, дар пайи таҳдиди мақомот ба куштани хонаводааш сафорати Амрикоро тарк кардааст.

Ӯ ба Ассошиэйтед Пресс гуфт, мақомот ҳамсарашро таҳдид кардаанд, ки ӯро то мурдан хоҳанд кӯфт. Ба гуфтаи Чен, мақомоти амрикоӣ ин таҳдидро ба ҷониби Чин нисбат медиҳанд. China Aid, як созмони ҳомии ҳуқуқ, ки дар Амрико мустақар аст, гуфт, Чен ба маҳзи чунин “таҳдиди ҷиддӣ” маҷбур ба тарки сафорат шудааст.

Марк Тонер, сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико
Марк Тонер, сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико
Аммо Марк Тонер, сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико ин хабарро радд кард: “Ягон мақоми амрикоӣ ягон бор ба Чен дар бораи таҳдиди ҷисмонӣ ё ҳуқуқӣ алайҳи завҷаву фарзандони ӯ сӯҳбат накардаст ва ягон мақоми Чин низ ягон навъ таҳдидеро ба мо ё аз тариқи мо нарасондааст.”

Сухангӯи дигари ин вазорат Виктория Нуланд таъйид кард, ки Чен хостори бозгашт ба назди аҳли хонаводааш шуд. Аммо ӯ афзуд, “агар Чен дар сафорат мемонд, мақомоти Чин ба мо аломат доданд, ки хонаводаи ӯро ба устони Шангдонг бармегардонанд ва имкони музокироти мавзӯъи ҳамоиши онҳо аз даст хоҳад рафт.”

Телевизиони давлатии Чин дирӯз эълон кард, ки Чен бо хоҳиши худ тарки сафорати Амрико кардааст. Гӯяндаи ахбори ин шабака гуфт: "Бино ба хабарҳо, Чен Гуангченг, зодаи қасабаи Йинани устони шарқии Шангдонг дар охирҳои апрел вориди сафорати Амрико дар Пекин шуда, баъди 6 рӯз онҷоро ихтиёран тарк кардааст. Бояд гуфт, ки сафорати Амрико шаҳрванди Чин Чен Гуангченгро бо нақзи муқаррарот ба сафорат даровард ва Чин дар ин бора изҳори норизоияти шадид кард. Амали Амрико дахолат дар умури дохилии Чин буд ва ин барои Чин комилан ғайри қобили қабул мебошад.”

Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон, ки ба манзури ширкат дар иҷлоси солонаи ду иқтисоди бузургтарини дунё дар Пекин ба сар мебарад, гуфт, Вошингтон дар масъалаи Чен “пойбанд” боқӣ мемонад. Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Амрико Марк Тонер дар Вошингтон ин ваъдаи хонум Клинтонро чунин тавзеҳ дод: “Мо ҳамчунон дар оянда ҳам дар пайи дастрасӣ ба ӯ хоҳем буд, то мутмаин шавем, ки ин тааҳҳудот иҷро мешавад.”

Аммо телевизиони CNN аз Чен нақли қавл мекунад, ки бори дигар азми худ барои тарки Чинро такрор карда, гуфтааст, ӯ эҳсос кард, ки Амрико ӯро “канор мезанад.”

Чен ҳини интиқол ба бемористон
Чен ҳини интиқол ба бемористон
Чени нобино дар пайи ифшои мавридҳои исқоти ҳамли иҷборӣ дар чорчӯби сиёсати Чин, ки ба ҳар хонавода таваллуди фақат як кӯдакро иҷозат медиҳад, таҳти хашм ва таъқиби Пекин қарор гирифт. Ӯ баъди адои 4 сол ҳукми зиндон, 20 моҳро дар ҳабси хонагӣ ба сар бурд, вале рӯзи 22 апрел аз манзилаш дар устони Шангдонг фирор кард ва ҳафтаи гузашта аз ин ҳама ҳабсу бадрафториҳои дигар ба сафорати Амрико дар Пекин паноҳ овард. Ченро рӯзи чоршанбе аз сафорат ба бемористон бурданд.

Моҷарои ин дигарандеши нобино дар ҳолест, ки имрӯзу фардо дар Пекин иҷлоси солонаи Муколамаи стротегиву иқтисодии Амрикову Чин доир мешавад. Ҳилларӣ Клинтон пеш аз сафари Пекин гуфта буд, дар баробари масоили дигари муҳим бо мақомоти Чин мавзӯи ҳуқуқи инсонро низ дар миён хоҳад гузошт. Аммо Вазорати умури хориҷии Чин дар як баёнияи вижаи марбут ба қазияи фирори Чен Амрикоро ба дахолат дар умури дохилии Чин айбдор кардааст.
XS
SM
MD
LG