Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Юсуф Ризо Гелонӣ айбдор шуд, аммо аз ҳабс эмин монд


Юсуф Ризо Гелонӣ, нахуствазири Покистон
Юсуф Ризо Гелонӣ, нахуствазири Покистон

Додгоҳи олии Покистон Гелониро дар беэҳтиромӣ нисбати додгоҳ айбдор хонд, аммо равонаи зиндон накард.

Нахуствазири Покистон, Юсуф Ризо Гелонӣ, дар он айбдор шудааст, ки аз дархост ба ҳукумати Швейтсария барои эҳёи парвандаи ҷиноӣ алайҳи раисиҷумҳур Осиф Алӣ Зардорӣ сарпечӣ кардааст.

Парвандаи даст доштани Зардорӣ дар фасод аз сӯи додгоҳи Швейтсария солҳои 90-ум тафтиш мешуд ва соли 2008-ум бо дархости Исломобод тафтишот қатъ карда шуд. Додгоҳ Гелониро муваззаф карда буд, ки ба Швейтсария барои дубора фаъол кардани парванда дархости расмӣ ирсол намояд.

Юсуф Ризо Гелонӣ сарпечияш аз ин талаби додгоҳ бо он омил марбут кард, ки раисиҷумҳури Покистон аз дахлнопазирӣ бархӯрдор аст. Ҳадс зада мешуд, ки нахуствазир барои беэҳтиромӣ ба додгоҳ ба шаш моҳи зиндон маҳкум мешавад ва аммо додгоҳ ҳукми “рамзӣ” содир кард – Гелонӣ то поёни мурофиаи имрӯза дар додгоҳ монд.

Дар соли 2007-ум, каме пеш аз такя задани Осиф Алӣ Зардорӣ ба курсии раёсати ҷумҳури Покистон, қонуне дар ин кишвар қабул шуд, ки бар асоси он, раисиҷумҳур ва бархе мақомҳои дигар аз ҳузур дар додгоҳ ба далели парвандаҳои пешин вобаста ба фасоди молӣ, ҳифз хоҳанд монд. Пас аз қабули ин қонун, додгоҳи швейтсарӣ низ аз пайгирии ин парванда худдорӣ кард.

Аммо дар соли 2009, Додгоҳи олии Покистон қонуни дахлнопазир будани раисиҷумҳурро бекор кард ва аз давлат хост, то бо фиристодани нома ба мақомоти қазоии Швейтсария хостори бозкушоии парвандаи фасоди молии Осиф Алӣ Зардорӣ шаванд.

Давлати Покистон дар тақрибан се соли ахир бо таъкид бар дахлнопазирии қазоии раисиҷумҳур, аз фиристодани нома худдорӣ кард, ки ҳамин амр сабаб шуд, то нахуствазири ин кишвар муттаҳам ба "тавҳин" ба Додгоҳи олӣ шавад. Ин бори аввал аст, ки нахуствазири Покистон дар замони анҷоми вазифа аз сӯи додгоҳи ин кишвар муттаҳам шинохта мешавад.

Нахуствазири Покистон дар додгоҳ
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:54 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG