Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мӯҳлати ҳабси пайвандони Бин Лоден поён ёфт


Пайвандони Бин Лоден таҳти ҳабси хонагӣ қарор доштанд
Пайвандони Бин Лоден таҳти ҳабси хонагӣ қарор доштанд
Имрӯз мӯҳлати ҳабси аъзои хонаводаи Усома бин Лоден, раҳбари пешини шабакаи “Ал-Қоида” поён меёбад ва онҳо аз Покистон ба Арабистони саудӣ истирдод хоҳанд шуд.

Муҳаммад Амир Халил, вакили дифоъи хонаводаи бин Лоден, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки "аъзои хонавода 14 нафаранд, ба шумули се бевазан, ду духтари қадрас ва 9 фарзанди хурдсол. Мӯҳлати ҳабси онҳо нимашаб поён меёбад ва онҳо ҳар лаҳза метавонанд истирдод шаванд".

Додгоҳи Покистон зану духтарҳои Усома бин Лоденро барои вуруди ғайриқонунӣ ба кишвар ва зисти бидуни сабти ном ба 45 шабонарӯз ҳабси хонагӣ маҳкум карда буд. Пайвандони раҳбари “Ал-Қоида” баъд аз он боздошт шуданд, ки Бин Лоден дар як амалиёти вижаи нерӯҳои зудамали амрикоӣ дар шаҳри Абботобод ба ҳалокат расид.
XS
SM
MD
LG