Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Брейвик гуфт, худро гунаҳкор намедонад


Андерс Беринг Брейвики 33-сола, ки дар Норвегия ба қатли 77 нафар дар июли соли гузашта айбдор мешавад, имрӯз дар додгоҳи Осло баёнот дод. Ӯ худро гунаҳкор надонист ва гуфт, 8 нафар дар Осло ва 69 тани дигар дар ҷазираи Утойяро барои “дифоъ аз худ” куштааст. Брейвик он ҳамларо “печидатарин ва диданитарин ҳамлаи сиёсӣ” дар Аврупо аз замони Ҷанги дувуми ҷаҳон номид. Агар додгоҳ ӯро масъули амали худ ва муҷрим шиносад, Брейвик метавонад ба 21 соли зиндон маҳкум шавад.
XS
SM
MD
LG