Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози мусобиқаи ҳандбол дар Душанбе


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ
Дар ин бора ба “Озодӣ” Алимаҳмад Мирзоев, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон хабар дод. Ӯ гуфт, “мусобиқаи имсола бо ширкати чаҳор даста аз вилоятҳои Бадахшону Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру навоҳии тобеи марказ ҷараён дорад. Мусобиқа аз рӯи системаи даврӣ баргузор шудааст ва ҳар як даста се бозӣ анҷом медиҳад.”

Бояд гуфт, ки ҳандбол дар Тоҷикистон аз соли 2005-ум, баъди таъсиси Федеросиюни миллии тӯби дастӣ аз нав эҳё шуд. Ва ҳоло ин навъи олимпии варзиш дар манотиқи мухталифи кишвар роҳандозӣ шудааст.

Вале ба назари коршиносони соҳа, барои рушди минбаъдаи ҳандбол дар Тоҷикистон ва ширкати муваффақонаи дастаҳои мардонаву занонаи кишвар дар мусобиқоти байналмилалӣ алъон ба маблағгузории кофӣ ва толору майдонҳои ҳандбол ниёз ҳаст.
XS
SM
MD
LG