Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фурӯрезии бино боиси ҳалокати ду нафар шуд


Теъдоди қурбониёни фурӯрезии як бинои навбунёд дар шаҳри Маскав ба ду нафар расид. Нафари дуввум дар бемористон аз олам даргузашт. Дар ин ҳодиса 11 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд. Ҳамаи онҳо бинокороне буданд, ки шабона он ҷо кор мекарданд.

Ба иттилои хабаргузории “Интерфакс” айни ҳол даҳ нафар ба бемористонҳо интиқол дода шудаанд.

Бинои навбунёд соати дуи шаб фурӯ рехт. Дар ҷойи ҳодиса тақрибан 150 наҷотбахш машғули коранд.Хабаргузориҳои навиштаанд, ки соҳиби бино то ҳанӯз дар ҷойи ҳодиса ҳозир нашудааст.

Дар робита ба ҳалокати одамон дарфурӯрезии бино парвандаи ҷиноӣ боз ва тафтишот шурӯъ шудааст.
XS
SM
MD
LG