Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрои амният хостори таҳримҳои нав алайҳи Пхенян шуд


Шӯрои амнияти СММ партоби мушак аз сӯи Кореяи шимолиро шадидан маҳкум кард. Ҳафтаи гузашта мақомоти Пхенян ба шарафи садсолагии поягузории Кореяи шимолӣ Ким Ир Сен мушакеро бо моҳвора ба фазо партоб карданд вале он чанд лаҳза баъд аз парвоз бо иллати фаннӣ дар уқёнус суқут кард.

Шӯрои амният ин амали Пхенянро нодида гирифтани қатъномаи Шӯро номид ва хостори тақвияти таҳримҳо алайҳи Пхенян шуд. Аз ҷумла, пешниҳод шудааст,ки ба “рӯйхати сиёҳ”-и мансабдорони кореягии дар озмоишҳои ҳастаии солҳои 2006 ва 2009-ум дастдошта афроди нав шомил карда шаванд.
XS
SM
MD
LG