Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумори аъзои ҲНИТ ба 41 000 нафар расид


Саидумар Ҳусайнӣ
Саидумар Ҳусайнӣ
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) мегӯяд, бо вуҷуди фишори давлат шумори аъзояш дар 3 моҳи аввали сол 1,1 фоиз афзуда, ба 41 000 нафар расидааст. Саидумар Ҳусайнӣ, муовини раиси ҳизб ва яке аз ду вакили ҲНИТ дар парлумони Тоҷикистон гуфтааст, 60 дарсад аз 460 узви ҷадиди ҳизб ҷавонони то 30-солаанд. ҲНИТ бузургтарин ташаккули мухолифин буда, аз нигоҳи шумори аъзо танҳо аз ҳизби ҳокими халқӣ-демократии президент Эмомалӣ Раҳмон ақиб мемонад, ки ба гуфтаи масъулинаш, 160 000 узв дорад.
XS
SM
MD
LG