Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Солгарди 100-уми фоҷиаи ”Тitanic”


Рӯзи шанбе ҳазорон нафар дар маъракаҳои марбут ба солгарди 100-уми ғарқ шудани киштии ”Тitanic” ширкат мекунанд. Ин киштӣ шаби 14 апрели соли 1912 дар роҳи сафар аз Инглистон ба Амрико ба як айсберг бархӯрда, ғарқ шуд ва беш аз 1500 нафар аз 2208 сарнишинаш ҷон бохтанд. Ахиран нусхаи 3D-и ”Тitanic” - филми кргардони маъруфи Ҳолливуд Ҷеймс Камерон ба бозор даромад.
XS
SM
MD
LG