Дар остонаи музокираҳои муҳими қудратҳои ҷаҳонӣ, раиси ҷумҳурии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод гуфт, ки кишвари вай “зери фишорҳои шадидтарин ҳам” даст аз ҳақи ҳастаии худ нахоҳад кашид. Рӯзи панҷшанбе Аҳмадинажод гуфт, ки Ғарб бояд бидонад, ки Эрон аз ҳақи раднопазири худ барои дастёбӣ ба энержии атомии сулҳомез даст намекашад. Музокироти рӯзи 14 апрел дар Истамбул, ки бояд сари як мизи гуфтугӯ мақомоти Бритониё, Чину Фаронса, Олмону Русия ва ИМА-ро дар муқобили намояндагони Эрон қарор диҳад, ҳадаф дорад, ки ихтилофҳои бар сари барномаи ҳастаии Эрон пешомадаро ҳал кунад. Эрон ваъда додааст, ки дар ҷараёни музокирот ташаббусҳои наве пешниҳод хоҳад шуд, вале аз додани тафсилоти бештар худдорӣ кард. Ин нахустин мулоқоти ҷонибҳо дар 14 моҳи охир хоҳад шуд. Ғарб пайваста Эронро дар кӯшиши эҷоди силоҳи ҳастаӣ айбдор мекунад, вале Ҷумҳурии Исломӣ ин иддаоҳоро рад кардааст.