Ташхиси нави равонӣ нишон дод, ки Андерс Брейвик – нафари муттаҳам ба қатли 77 нафар дар Норвегия – масъули аъмолаш буд. Ин хулосаи тиббӣ ба ин маъност, ки дар сурати маҳкумият, Брейвик ба зиндон хоҳад рафт. Ташхиси қаблӣ Брейвики 33-соларо маризи рӯҳӣ дарёфта буд, ки метавонист ӯро ба ҷои зиндон равонаи бемористони амрози рӯҳӣ кунад. Брейвик дар моҳи июли соли 2011 бо таркиши як бомб дар Осло ва тирандозӣ дар як урдугоҳи ҳизби ҳоким 77 нафарро кушт. Ӯ ин амали худро барои ҷанг алайҳи Ислом дар Аврупо як амри зарур меномад.