Рӯзи якшанбе ҳазорон нафар фаъолони мухолифони давлати Озарбойҷон дар Боку тазоҳуроти эътирозӣ анҷом доданд. Ин нахустин тазоҳуротест, ки барои баргузории он мақомоти расмӣ иҷоза доданд. Соли гузашта мақомот барои баргузории чунин тазоҳурот иҷоза надода буданд ва онро ба таври хушунатомез саркӯб карданд. Алӣ Каримлӣ-раҳбари мухолифон ва раиси Ҳизби Ҷабҳаи Мардумии Озарбойҷон дар ин ҳамоиш суханронӣ кард ва хостори озодиҳои бештар дар кишвар шуд.