Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Амрико ду нафар барои тирандозӣ боздошт шуданд


Дар аёлати Оклаҳомаи Амрико воқеъ дар ҷануби ин кишвар ду марди сафедпӯст дар робита бо як силсила ҳамлаҳои нажодпарастона боздошт шудаанд. Дар шаҳри Тулса дар давоми чанд рӯзи ахир дар тирандозиҳо се сокини сиёҳпӯст кушта, ду нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Дар ҳамаи тирандозиҳо аз як силоҳ истифода шудааст. Богздоштшудагон Ҷейк Ингленди 19 сола ва Алвин Ветси 32 сола мебошанд. Интизор меравад, ки онҳоро барои куштор муттаҳам кунанд.
XS
SM
MD
LG