Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қасди дуздии осори таърихӣ дар Петербург


Бо иттиҳоми сирқати як бахши хазинаи кашфшуда дар қасри хонаводаҳои Наришкинҳо ва Трубетскойҳо дар Петербург ду шаҳрванди тоҷик, ки дар ин сохтмон кор мекарданд, дастгир шудаанд. Пулиси «пойтахти шимолӣ»-и Русия мегӯяд, ин афрод мехостанд ду халтаи пур аз ашёи нуқрагинро халтаи партов вонамуд карда, бирабоянд. Рӯзи 27 март ҳангоми анҷоми корҳои сохтмонӣ дар ин қасри қадима миқдори бузурги асбобу анҷоми нуқрагини таърихӣ ёфт шуд.
XS
SM
MD
LG