Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нозирони оташбаси СММ вориди Димишқ мешаванд


Интизор меравад, ки дар зарфи 40 соати оянда як гурӯҳ аз СММ вориди Димишқ шавад, то истиқрори нозирони оташбас дар Сурияро баррасӣ кунад. Ба унвони бахше аз нақшаҳои сулҳи Кофӣ Аннон-фиристодаи СММ ва кишварҳои Ҷомеаи Араб барои Сурия дар ин кишвар ҳудуди 250 нафар нозирони оташбас мустақар хоҳанд шуд. Вале фиристодани ин нозирон ва ҷо ба ҷо шудани онҳо дар Сурияро Шӯрои Амнияти СММ бояд бо қатъномае ба тасвиб расонад. Рӯзи душанбе Аннон гуфт, президент Башор Асад қавл додааст, ки то 10 апрел техникаи низомии худро аз маҳаллоти аҳолинишин берун меорад. Агар ин техника ва нируҳо берун бурда шаванд, заминаи риояти оташбас фароҳам меояд.
XS
SM
MD
LG