Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

10 миллион $ барои боздошти муассиси "Лашкари Тайиба"


Ҳофиз Муҳаммад Саид
Ҳофиз Муҳаммад Саид

Мақомоти ИМА барои боздошт ё иттилое, ки ба боздошти Ҳофиз Муҳаммад Саид, муассиси гурӯҳи “Лашкари Тайиба”-и Покистон мусоидат мекунад, 10 миллион доллар ҷоиза эълон карданд.

Барои маълумот дар бораи макони буду боши Абдураҳмон Маккӣ, муовини раҳбари гурӯҳ 2 миллион доллар пешниҳод шудааст.

Ба иттилои бархе манбаъҳо, ахиран “Лашкари Тайиба” баъд аз тасмими мақомоти Покистон барои манъи фаъолияти гурӯҳ ба “Ҷамоати Даъва” табдили ном кардааст. Дар ИМА ҳам “Лашкари Тайиба” ва ҳам “Ҷамоати Даъва” ба феҳристи созмонҳои террористӣ шомил карда шудаанд.

Мақомоти Покистон “Лашкари Тайиба”-ро масъули ҳамла ба шаҳри Мумбайи Ҳиндустон мехонанд. Бар асари ин ҳамла, ки моҳи ноябри соли 2008-ум сурат гирифт ва се рӯз идома дошт, 165 нафар кушта шуданд. Нӯҳ нафар аз ҳамлагарон ба ҳалокат расида ва ягона узви зиндамондаи гурӯҳ шаҳрванди Покистон Муҳаммад Аҷмал Қассоб маҳкум ба эъдом шуд. Айни ҳол Додгоҳи олии Ҳиндустон аризаи Қассоб барои бознигарии ин ҳукмро баррасӣ мекунад.

Дар зимн, Ҳофиз Муҳаммад Саид бо иттиҳоми таҳияи ҳамлаи террористӣ дар Мумбай боздошт шуда буд ва аммо Додгоҳи олии Покистон ҳабси ӯро хилофи Қонуни асосӣ хонд ва Муҳаммад Саидро аз маҳбас раҳо кард.
Ҳамла ба шаҳри Мумбай боиси сардтар шудани равобити миёни Деҳлӣ ва Исломобод гардид. Мақомоти Ҳиндустон изҳор намуданд, ки ҳамла дар кишвари ҳамсоя тарҳрезӣ шудааст ва бояд ҳама афроди дар ин ҳодиса дастдошта боздошт ва маҳкум ба зиндон шаванд.

Аммо ба иттилои торнамои Wikileaks, Ҳофиз Муҳаммад Саид ва Закӣ Раҳмон Лаҳвӣ чун пештара раҳбарии “Лашкари Тайиба”-ро бар ӯҳда доранд ва худро дар Покистон амну ором эҳсос мекунанд. Ҳофиз Муҳаммад Саид пайваста алайҳи Ҳинд изҳорот нашр мекунад ва моҳи феврали соли равон дар чанд гирдиҳамоии зиддиамрикоӣ ширкат дошт.

Сайид Аҳмад Наҷиб, коршиноси масоили минтақаӣ ва устоди Донишгоҳи шаҳри Кобул мегӯяд, “Лашкари Тайиба” солҳои пеш “на фақат дар даргириҳо дар минтақаи баҳсбарангези Кашмир, балки дар ҷанги афғонҳо алайҳи Шӯравӣ ва дар ҷангҳои дохилии Югославия низ ширкат доштааст.”

Мусоҳиби мо меафзояд, нигарониҳое мавҷуданд, ки “Лашкари Тайиба” ё “Ҷамоати Даъва” шояд дар оянда ҷойгузини “Ал-Қоида” дар Покистону Афғонистон шавад. Ба гуфтаи ӯ, солҳои пеш Усома бин Лодин бо “Лашкари Тайиба” пайваста дар тамос буд. “Пас, мо гуфта метавонем, чун ҳадафи “Лашкари Тайиба” мубориза дар Осиёи ҷанубӣ-шарқӣ бошад, хатаре вуҷуд дорад, ки он дар Афғонистон ҳам ҳамлаҳои интиҳорӣ ва ҳам ҳамлаҳои ҷабҳаиро анҷом диҳанд ва дар оянда гузинае бошад ба ивази гурӯҳи “Ал-Қоида” дар минтақа ва дар ҷаҳон”,-мегӯяд Сайид Аҳмад Наҷиб.

Бино ба хабари манобеи расмӣ, “Лашкари Тайиба” соли 1980 аз сӯи хадамоти кашфи Покистон ба хотири саркӯбсозии шӯришиёни Ҳинд дар қаламрави баҳсбарангези Кашмир ташкил шуда буд.
XS
SM
MD
LG