Кети Ганнон, хабарнигори Associated Press гуфт, аксари ҷангҷӯён аз гурӯҳҳои исломие буданд, ки Хадамоти ҷосусии Покистон он гурӯҳҳоро чанд сол қабл барои мубориза бо артиши Ҳиндустон дар Кашмир ташкил карда буд.
Ганнон афзуд, ин ҷангҷӯён зимни ҳамоиш ба тавофуқ расиданд, ки ихтилофоти мавҷудаи байни худро канор гузошта ва ба ҷойи он нируҳояшонро ба Афғонистон барои мубориза бо артиши НАТО ва ИМ бифристанд: “Дар бораи ин ҳамоиш ба ман як шахсе хабар дод. Ман ин иттилоро дубора тафтиш кардам. Баъд ман як ҷангҷӯеро пайдо кардам ки шахсан дар он нишаст ширкат дошт. Нишаст дар дафтари гуруҳи Муҷоҳидини Ал-Бадр баргузор шуд. Дар онҷо инчунин гурӯҳҳои марбут ба Ал-Қоида мисли Ҷайиши Муҳаммад ва Лашкари Тайиба буданд, ки созмонҳои манъшудаанд аммо ҷанговаронашон ҳоло ҳам фаъоланд. Гуруҳи Ҳизб-ул-Муҷоҳидин низ ҳузур дошт.”
Гурӯҳи Ал-Бадр аз ҷониби хадамоти истихборотии Покистон ҳамчун бахше аз Ҳизби Муҷоҳидини Гулбиддини Ҳикматёр таъсис шуда буд ва то соли 1990 дар Кобул менҷангид. Аммо баъд аз тасарруфи Кобул аз ҷониби Толибон Покистон ба гурӯҳи Бадр амр кард аз Ҳикматёр ҷудо шавад. Ҳоло ба гуфтаи хонум Ганнон ин ду гурӯҳ дубора муттаҳид шудаанд.
Ба гуфтаи Ганнон ҳамоиш се ҳадафи аслӣ дошт. Нахуст, гурӯҳҳо эълом намуданд, ки барои ҷангҷӯёни кушташуда, интиқом мегиранд. Ҳадафи дуввум ҷамъ кардани ҷанговарони бештар. Ва ҳадафи ниҳоӣ бартараф намудани ихтилофҳо миёни гурӯҳи Лашкари Таийба ва Ҷайиши Муҳаммад.
Зимни вохӯрӣ гурӯҳҳо инчунин гуфтаанд, ки муборизаашон дар Кашмир аҳамияташро гум накардааст, аммо бо вуҷуди ин кӯшишҳои аслии гурӯҳҳо ба муқобила бо артиши Амрико ва нируҳои байналмилалӣ дар Афғонистон тамаркуз хоҳад шуд.
Хабарнигори Associated Press бар ин назар аст ки паёмадҳои ҳамоишро аллакай мешавад дар Афғонистон мушоҳида намуд, ки сатҳи хушунат дар онҷо ба маротиб афзудааст. Артиши Амрико тасдиқ мекунад, ки шумораи ҳамлаҳои ошӯбгарон дар шарқи кишвар дар муқоиса ба соли гузашта ба 40 дар сад афзуда талафоти артиш дар Афғонитсон ҳатто назар ба Ироқ бештар шудааст.
Ганнон гуфт, изҳороти артиши Амрико дар бораи он ки гуё ҳамлаҳои ахир дар ҳамоҳангии ошӯбгарони чанд гурӯҳи мухталиф анҷом шудааст, ӯро ба ҳайрат намеорад ва ҳамоиши моҳи июн дар Покистон аз тақвият ёфтани ин гурӯҳҳо шаҳодат медиҳад.
Инна лиллоҳ ва инна илайҳи роҷиъун Худо раҳматаш кунад ва ҷояш дар ҷаннат бошад, қабраш пурнур!
"Конфликт в Украинн уже через несколько месяцев может вызвать глобальный продовольственный кризис, который продлится годы, предупредила ООН" Дунёро хатари гуруснагӣ интизор аст, Помир барои барканории роҳбар мииииитинг карда истодааст
Машварат ба Рустами Эмомалӣ. Рустам, дар хиёбони марказии Душанбе як аллейкаро барои ҷойи ҳайкали ин ва дигар шаҳидони роҳи демократӣ брон карда мон. Баъди рафтани падарат ба кор хоҳад омад, ин хизмататро мардум чун мэри ояндабин ба инобат хоҳад гирифт.
Режими берахм. Парронидани мардум чиноят аст.
Худо пушту панохатон бародарони Бадахши, х,ар катра хуне ки дар рах,и талаби х,укуки худ додед бе натица намемонад. Дар вок,еь х,ак додани нест балки талаб кардани ва гирифтани АСТ.