Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси Сурия дар Шӯрои Амнияти СММ


Фиристодаи СММ ва Лигаи Араб дар Сурия Куфӣ Анннон ба Шӯрои Амният гуфт, раисиҷумҳури Сурия Башор Асад розӣ шуд, то хуруҷи нирӯҳо ва таслиҳоти сақил аз манотиқи аҳолинишинро то 10 апрел такмил кунад. Ҷонибҳо баъдан барои оташбас 2 рӯзи дигар фурсат хоҳанд дошт. Сафири Амрико дар СММ Сюзан Райс гуфт, Сурия бояд бо иқдомоташ қазоват шавад, на бо ҳарфҳо, чунки Димишқ қаблан тааҳҳудоти супурдаашро иҷро намекард. Сафири Сурия Башор Ҷаъфарӣ қарори анҷумани “Дӯстони Сурия” барои таъмини моддии чирикиҳоро ба интиқод кашида, муноқизи меъёрҳои СММ номид.
XS
SM
MD
LG