Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тирандозии хунин дар як донишгоҳи Калифорния


Пулиси Амрико мегӯяд, бар асари тирандозӣ дар як донишгоҳи масеҳӣ дар аёлати Калифорния дастикам 6 кас кушта шуд. Ба гуфтаи пулис, дар ин ҳодиса дар донишгоҳи Ойкос дар Окланд се тани дигар ҷароҳат бардоштаанд. Пулис мегӯяд, гумонбарро дар маҳаллаи ҳамҷавори Аламеда дастгир кардааст. Бовар меравад, ки ӯ амрикоии кореягитабор бошад. Бино ба гузориши телевизиони маҳаллӣ, ӯ донишҷӯ буда, дар дохили синфхона оташ кушодааст.
XS
SM
MD
LG