Дар ҷараёни як эътироз алайҳи НАТО дар назди қароргоҳи ин паймони низомӣ дар Брюссел ҳудуди 500 фаъол боздошт шуд. Онҳо мехостанд вориди қароргоҳи НАТО шуда, онро ба таври рамзӣ бубанданд, вале пулис пеши роҳашонро гирифт. Пулис гуфт, ҳамаи боздоштшудагонро баъди чанде раҳо кардааст. Эътирозгарон бо шиорҳои “Бозии НАТО тамом шуд” амалиёти ин паймон дар Афғонистону Либияро интиқод мекарданд. Онҳо тарҳи сипари мушакӣ дар Аврупоро низ “эҳёи сабқати ҷаҳонии мусаллаҳшавӣ” мехонданд.