Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиш дар як сӯхтфурӯшии Тошканд


Дирӯз дар Тошканд амбори сӯхти як нуқтаи бензинфурӯшӣ таркид. Таркиш зӯҳри якшанбе дар сӯхтфурӯшие дар наздикии супермаркети “Корзинка” дар шоҳроҳи ба сӯи фурудгоҳи пойтахти Узбакистон рух додааст. Мақомот мегӯянд, дар ин инфиҷор касе осеб надидааст. Ба гуфтаи шоҳидон, садои таркиши сангин аз навоҳии дигари Тошканд ҳам шунида мешуд ва дуди сӯхтораш чанд соат болои осмони шаҳрро пӯшонд.
XS
SM
MD
LG