Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Юнон ба бастаи сеюми ёрии молиявӣ ниёз хоҳад дошт


Лукас Пападемос
Лукас Пападемос
Нахуствазири Юнон Лукас Пападемос изҳор намуд, ки кишвараш шояд ба бастаи саввуми ёрии молии байнулмилалӣ ниёз пайдо кунад.

Дар сӯҳбат бо расонаҳои Италия ӯ ваъда дод, ки ҳукумат барои роҳ надодан ба ин гуна вазъият аз ҳама чораҳои зарурӣ кор мегирад ва аммо имкони бори саввум хостори кӯмаки байнулмилалӣ шудани Юнон аз эҳтимол дур нест.

Моҳи март кишварҳои минтақаи евро барои дар ихтиёри Афина гузоштани 130 миллиард евро кӯмаки молиявӣ ба созиш расиданд. Сандуқи байнулмилалии пул ҳам ваъда дод, ки барои Юнон 28 миллиард евро қарз ҷудо мекунад.

Аввалин бастаи ёрии молиявӣ соли 2010 ба хотири ҷилавгирӣ аз шикасти минтақаи евро дар ихтиёри Юнон гузошта шуда буд.
XS
SM
MD
LG