Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии Ҷопон барои нобудсозии мушаки Кореяи Шимолӣ


Наоки Танака, вазири дифои Ҷопон, амр кард, ки дар сурати хатари ба қаламрави кишвар афтодани мушаки Кореяи Шимолӣ, онро дар фазо нобуд созанд. Пхенян партоби ин мушакро дар миёнаҳои моҳи апрел ва рӯзҳои таҷлил аз садсолагии бунёдгузори Кореяи Шимолӣ Ким Ир Сен тарҳрезӣ кардааст.

Ба иттилои расонаҳои Ҷопон, нерӯҳои мусаллаҳи кишвар дар хушкиву дар киштиҳо таҷҳоти зиддимушакиро ҷойгир мекунанд. СММ, кишварҳои ғарбӣ ва Ҷопон аз тарҳи Пхенян изҳори нигаронӣ карда аз Кореяи Шимолӣ хостанд, ки аз партоби ин мушак худдорӣ намояд.
XS
SM
MD
LG