Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи нишасти Иттиҳодияи Араб дар Ироқ


Дар шаҳри Бағдод пойтахти Ироқ иммрӯз нишасти Иттиҳодияи Араб идома мекунад. Бори аввал аст, ки Ироқ пас аз ҳамлаи нерӯҳои Саддом Ҳусайн ба Кувайт дар соли 1990 як чунин нишасти бузургро мизбонӣ мекунад. Дар рӯзи аввали нишаст, вазирони молия ва тиҷорати кишварҳои узв дар Бағдод мулоқот карданд. Имрӯз навбати вазирони умури хориҷӣ аст ва фардо бояд сарони кишварҳои узви Иттиҳодияи Араб гирди ҳам оянд. Аммо маълум нест, чанд раҳбари 22 кишвари узв дар ин нишаст ширкат мекунанд. Ҳукумати Ироқ мегӯяд, дасти кам 8 раҳбарони кишварҳои арабӣ дар ҳамоиш ҳузур хоҳанд дошт. Гурӯҳҳои тундрав дар рӯзи 20 март дар силсилаи бомбгузориҳо, аз ҷумла дар назди вазорати умури хориҷии Ироқ 50 нафарро куштанд, ки ин зоҳиран талоше барои нишон додани осебпазирии шаҳри Бағдод ва нотавонии нерӯҳои Ироқ дар таъмини амният будааст.
XS
SM
MD
LG